АНДЕША: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми анъанавии хешро охирҳои моҳи декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон ироа доштанд. Дар ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ ва тақдирсоз роҳбари давлат вазъи ҷаҳони муосирро ба риштаи таҳрир кашида, ҳасосияти замони имрӯзаро қайд карданд ва хулоса намуданд, ки ин вазъи буғранҷ дар 100-соли охир бесобиқа аст. Ва дар 5 соли охир бардхурдҳои геосиёсӣ ва вазъи ҷаҳон таъсири амиқ расонда истодааст. Боиси ба вуҷуд омадани буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардида моро вазифадор мекунад, ки дар раванди инкишофи давлати демократии соҳибистиқлолиямон бештар масъулиятшинос бимонем. Ин таъсир, дар соли 2022 бештар ба назар расида таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ рӯи кор омада занҷираҳои таъмини молу маҳсулот байни кишварҳои ҷаҳон канда шуда, нарх боло рафт. Вале дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилонаи дохилӣ омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвари мо камтар ба назар расида дар зарфи 5-соли охир иқтисодиёти кишварамон рушд кард. Даромади иқтисодӣ музди меҳнат афзуда, сатҳи камбизоатӣ, ба таври назаррас поин рафт. Ин ҳама гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи амалӣ карданӣ ҳадафҳои стратегӣ, барномаҳои давлатӣ ва рушди мақсадноки хоҷагии халқи мамлакат пешрафта, инкишофи бесобиқаи мкассисаҳои фарҳангӣ тандурустӣ, маориф ва иҷтимоӣ ба назар мерасад. Дар рафти ироаи Паёми имсола Пешвои миллат чунин қайд карданд, “Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлоли пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангиро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳои ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст”. Воқеан ҳам фарҳангро соҳаи муҳими ҳаёти ҷомеа арзёбӣ кардани Президенти мамлакат баҳои баланд ба фаъолияти аҳоли фарҳанги мамлакат мебошад. Ин омил мо-фарҳангчиёни ноҳияи Кӯшониёнро рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Ва дар ноҳияи мо дар соли 2022 ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ба қадри зарурӣ барои харидории асбобҳои мусиқӣ воситаҳои техникӣ маблағ ҷудо шуд. Ин имкон фароҳам меорад, ки сифату самараи чорабиниҳои фарҳангӣ баланд гардад ва фаъолияти Филармонияи халқи назди бахши фарҳанг мувофиқи талабот ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳия кохи фарҳанг аз таъмири ҷорӣ баромад ва таъминоти китоб ба китобхонаи марказӣ ва филиалҳои китобхона дар маҳалҳо низ ба вуқуъ пайваст. Месозад ёдовар шуд, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фиристодагони ноҳия соҳибиҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ин комёбӣ дар натиҷаи дастгирии доимии мақомоти иҷроияи ва заҳмати аҳли фарҳанг ба даст омад ва далолат аз он мекунад, ки соҳаи фарҳанг дар ноҳия рушд ёфта истодааст. Мо фарҳангчиёни ноҳия ҷавобан ба ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат фаъолона кор бурда дар асоси Паёми навбатии Президенти мамлакат барномаи амал тартиб медиҳем ва баҳри рушди соҳаи фарҳанг ва ба мардум фаҳмондани нуқтаҳои муҳими Паём корҳои тарғиботиро ривоҷ хоҳем дод.
Азимов А.А, мудири бахши фарҳанги
мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Кӯшониён