АНДЕША: Дар охири соли 2022, яъне 23 декабри соли 2022 мо кормандони кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён, шоҳиди бузургтарину муҳимтарин руйдоди сол баргузории Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ будем. Паёме, ки роҳнамои фардои ҷомеаи мо буда, миллати кӯҳанбунёду тамаддунофари тоҷикро ба сӯйи комёбиҳо ва дастовардҳои беназир ҳидоят менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дар маҷлиси олӣ дар баробари ҳама соҳаҳо чун ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои беҳтар кардани шароити омӯзгорон ва таҳсили донишомӯзон суханони самимиву ибратомез, пешниҳодоти муҳим ва дастурҳои судманду созанда доданд. Тавре аз Паёми навбати бармеояд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва стипендияҳои донишҷуён ба андозаи 20% зиёд карда мешавад. Ин дастгирии масъулияти ҳар яки мо кормандони кабинети методи ва маорифчиёни шуъбаи маорифи ноҳияро бештар намуда, водор месозад, ки барои рушди соҳаи маориф ва дастгирии тарбияи насли ояндасози миллат ҷавонон бештару беҳтар саҳмгузор бошем шогирдонамонро дар руҳияи худшиносиву ватанпарастӣ ва арҷгузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят намоем. Шоистаи зикру ифтихори мо, кормандони соҳаи маориф ин аст, ки як бахши муҳими Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани нуфузи омӯзгор дар ҷомеа бахшида шуда, ҳар сатри он саршор аз самимияту боварӣ ва дастуру роҳнамоиҳои бунёдкорона ба хотири фардои дурахшони миллат мебошад. Сарвари давлат дар Паём изҳор доштанд, ки “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф кард, ба онҳо арзу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу суббот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳангоми ироаи ин сатрҳои меҳрбору самимӣ ҳисси ифтихорангезе вуҷуди ҳар омӯзгори асил ва ҳар шахси худшиносу ватандӯстро фаро гирифта буд. “Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”- вақте ин таъкид дар Паём садо дод, бори дигар мо кормандони кабинети методӣ, мушовирони фанни шӯъбаи маориф ифтихор аз он кардем, ки ин ҷодаи пурмасъулияту пурифтихорро интихоб намуда, сазовори номи пуршарафи омӯзгор ҳастем. Дар Паёми солонаи роҳбари давлат зикр шуд, ки “Дар 30 соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот 3,5 баробар, мактабҳои олӣ 4 баробар ва донишҷӯён зиёда аз 3 баробар афзудааст”. Ин омор натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва дастгириву иқдомоти беназиру таърихии Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва илм дар слоҳои соҳибистиқлолӣ мебошад. Ҳамасола бунёд кардани садҳо муассисаҳои замонавӣ ва баргузории мулоқоти Сарвари кишвар бо намояндагони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯён нишонаи арҷгузорӣ, эътимод ва дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳиму тақдирсози ҷомеа мебошад. Шуъбаи маориф ва кормандони кабинети методии ноҳияи Кӯшониён Паёми солонаи Президенти кишварро ҳамчун Ҳуҷҷати тақдирсозу дастури роҳнамо сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, барои амали кардани он ҳама дастуру ҳидоятҳои судманд ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олӣ чун машъали фурӯзонест, ки дастраси ҳар кадоми мо шуд, то зери раҳнамоиҳои созандаи он ба сӯи фардои дурахшон устуворона қадам гузошта, саҳми хешро дар рушд ва муаррифии ватани маҳбубамон Тоҷикистон гузорем.
С.Хушматова, мудири кабинети методии
шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён