ВАТАН ОРОМИЯТ ОРОМИИ МОСТ!

Андеша: Воқеан ҳам соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии тоҷикон миёни беш аз 251 давлати мустақил ва соҳибистиқлол неъмати бебаҳое аст. Дар ҳоле, ки дар олам зиёда аз 3,5 ҳазор халқияту миллат умр ба сар мебаранд. Бешубҳа метавон гуфт, ки дар ҷомеаи имрӯза падидаҳои хатарзое мавҷуд аст, ки барои маҳви давлату миллатҳо равона гардидаанд. Барои осоиша зиндагӣ кардани имрӯзу ояндаи ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунанд. Дар баробари зиёд шудани сокинони сайёра гуруҳҳои экстремистию террористӣниз зиёд гардида истодааст. Гуруҳҳои экстремистию террористӣ бадтарин падидаи номатлуби ҷомеа дониста шудаанд ва ҳар як фарди солимфикрро водор месозад, ки алайҳи ин зуҳуроти хатарзо муборизаи ҷиддӣ барад. Ман ҳамчун, фарзанди диёрам-Тоҷикистон иброз менамоям, ки одитарин чинояте бар давлату миллатам аз ҷониби гуруҳе ва ё нафаре баҳри ноорм кардани ҷомеа ба вуқуъ меояд, маҳкум менамоям ва омодаам ҷоннисорӣ кунам. То охирин нафас баҳри пойдории адолати ҷомеа мубориза мебарам. Пешравии ҳар як давлат ва бақои миллат новобаста аз хурд ва ё бузург буданаш пеш аз ҳама, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ эътирофаш кардааст ин пойдории сулҳу оромии ҷомеа мебошад. Аз ин ру, оромии Ватан оромии мост. Бояд қайд намуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими миллати тоҷик, ки ба ин васила дар ҷомеаи ҷаҳон нуфузу эътибор пайдо намуд, ин бо сиёсати олии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар муддати кутоҳи таърихӣ хотима бахшидани “Ҷанги шаҳрвандӣ” ва пойдор намудани сулҳу оромӣ дар ҷомеа боиси эътироф гардидани ҷаҳониён ва шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтани миллати тоҷик гардид. Ҳамзамон, он ҳама мушкилотҳое, ки аз ҷиҳати иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар дар даврони ҷанг ба вуқуъ омада буд, марҳила ба марҳила бартараф шуда истодааст. Мақсади ишораҳои дар болошуда он аст, ки вақте сулҳу оромӣ ва муттаҳидии ҷомеа омили асосии пешрафт бошад, пас мақсади нором сохтани ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷониби баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ташкилотҳои экстремистию террористӣ, гурӯҳ ва ҳаракатҳои тундрав, шахсони мухолиф ба қонунҳои давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чи бошад? Бояд ҳар як фарди солимфикр донад, ки давлатҳои манфиатҷӯ, душманони миллати тоҷик бо дасти баъзе аз хоинони миллат барои ноором кардани ин сарзамини биҳиштосо нақшаҳои худро пешбинӣ намудаанд. Мо миллати тоҷик донем, ки ин сулҳу оромии кишварамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар солҳои 90- ум барои ба даст овардани сулҳу оромӣ чи ҷонбозиҳо ва қурбониҳо кардем? Ин ҳама пешравии Ватани азизамонро дар 31 соли Истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти ҷанги шаҳрвадӣ, хуб дарк кунем! Дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои назаррас дида мешавад. Чуноне, ки дар Маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24.01.2023 баён гардид, ки дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 487 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардида истодаааст. Дар ин росто, дар соли сипаригардида 190 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҷои кор таъмин гардидаанд. Магар ин пешравӣ нест? Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар Президенти маҳбуби кишарамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки гарчанде соли 2022 дар натиҷаи ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2021-ум 15,4 фоиз зиёд шудааст, аммо барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръат сатҳи он бояд боз афзоиш дода шавад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистони ҷавони мо ру ба тараққӣ ниҳода, давра ба давра сатҳи зиндагии мардум боло рафта истодааст. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи баъдиҷангӣ то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Даромади Буҷети давлатӣ аз 251,7 млн. сомонӣ то 33 млрд. сомонӣ афзоиш ёфт. Ин ҳама пешравӣ ма муваффақиятҳо барои мо назаррас аст. Дар ин росто моро зарӯр аст, ки беш аз пеш донишу таҷрибаамонро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум ва тарбияни насли наврас дар руҳияи хештаншиносию худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ равона созем. Мо тоҷикон ба сафсатагӯиҳои ду се хоини дар ба дар дода намешавем, ин оромию субот ва сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунем. Чикадар давлатҳои ҷаҳон махсусан кишварҳои мусалмоннишин аз дасти ин гуруҳҳои бадбахти экстремистию терористиӣ дар ташвишу ноороманд. Бахти баланди мост, ки дар кишвари бо амну осоиш зиндагиву фаъолият дорем. Ҳамеша дар паи андешидани тадбиру чораҳои муосир баҳри тараққиёти ҳамаҷонибаи кишвари маҳбубамон-Тоҷикистони биҳиштосо бошем.

Саидшо Асроров-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.