ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ АСРИ НАВ

       АНДЕША: Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, хусусан терроризму экстремизм, ҳар яки моро водор мекунад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб бо ҷаҳонбинии васеъ ва дониши нав мубориза барем. Нагузорем, ки ҳар гуна ақидаҳои бегона ба тафаккури ҷавононамон роҳ ёбанд. Маълум аст, ки хатари тероризму эктремизм имрӯзҳо тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст ва барои гирифтани пеши роҳи ин хатар на танҳо кишварҳои хурд, балки кишварҳои абарқудрат ҳам талош карда истодаанд. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ, яъне тероризму эктремизм метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Харобу валангор кардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист, подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо аст. Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми кишварҳои ҷангзада ба умеди амният ва осудагӣ роҳ ҷониби кишварҳои Аврупо мегиранд ва он ҷо низ онҳоро мушкилоти зиёде пеш меояд. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти на танњо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми љомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд на танҳо вазифаи мақомоти қудратӣ, балки ҳар як сокини кишвар бошад.

Раҷабалиев Самандар-омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №52-и н. Кӯшониён.

Миёна: 3.5 (4 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.