Имрӯз 15 марти соли 2023, бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомотҳои марказии ҳокимияти давлатии соҳаи кишоварзӣ, роҳбарияти вилоят ва ноҳия, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар минтақаи Эргашқишлоқи Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳия семинар-машварати вилоятӣ дар мавзӯи “ Оид ба ташкили усулҳои мубориза бар зидди малах” баргузор гардид. Нахуст ба меҳмонон, аз намоиши техникаву лавозимоти мубориза ба зидди малах ва заҳрхимикатҳои коркарди он дидан намуда, сипас дар кори семинар-машварат иштирок намуданд. Дар кори семинар-машварат Зиёзода Сулаймон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон суханрони намуда, вобаста ба пешгирӣ, мубориза ва сари вақт коркарди заминҳои паҳншавандаи малах дар минтақаҳои гуногуни вилоят, ташкили ситодҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ истифодабарии техникаи махсус ва заҳрхимикатҳо, ташкили навбатдорӣ дар минтақаҳои паҳншавӣ ва дигар корҳои ташкилиро ба масъулин дастур доданд. Ҳамзамон дар кори семинар вобаста ба омодагиҳо ва рафти кишти пахта, сари вақт обёрии заминҳои корам, истифодаи нуриҳои минелалӣ дар парвариши зироатҳои донагӣ, иҷроиши нақшаҳои дурнамои сабзавоти барвақтӣ, картошка ва дигар зироатҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз тарафи меҳмонон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ омода намудани семинар машварат миннатдории самимӣ баён карда шуд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён