ТАБРИКОТИ раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи Шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни суннатии ниёгонамон-Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику таҳният мегуям. Сидқан орзумандам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодию нишот, кушоишу дастовардиҳои нав ва баракату фаровони оварад. Наврӯз дар Тоҷикистони муосир ва таърихӣ, ки як ҷузъи Осиёи Миёна аст, ҳазорсолаҳо ҷашн гирифта мешавад. Дар асоси санадҳои илмӣ, ҳануз дар асрҳои 9 ва 7 ҳазор сол пеш чорводорӣ, зироаткорӣ ва ҳатто кулолӣ вуҷуд доштааст. Мавҷуд будани обёрӣ, кишоварзӣ, сохтани асбобҳои рӯзгор, тасвирҳои рӯйи санг ва монанди ин, ки таърихи беш аз ҳафтҳазорсола доштаанд, далел бар он шуда метавонад, ки ниёгони тоҷикон дар замонҳои хеле қадим Нарӯзро ҷашн мегирифтаанд.

Он гуна ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид доштаанд, ҷашни Наврӯз барои мо –тоҷикон, ки меросбардорони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукунҳои муҳими худшиносию худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.

Наврӯз дар тули ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Ҷашни Наврӯз бо фарогирии унсурҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва ғояҳои неки инсондӯстонааш дар байни сокинони ноҳия ва дар миёни сокинони бурунмарзи тули садсолаҳо дорои тобишу ҷилваҳои рангин доштааст. Сокинони минтақаҳои Тоҷикистон бахусус ноҳияи Кӯшониён, ки ҷашни ниёгонро бо расму одатҳои хос таҷлил менамоянд, ки аз ғановати фарҳангии миллати мо далолат мекунад. Дар ноҳияи Кӯшониён мардум аз давраҳои қадим Наврӯзро ба унвони як ҷашни ҳувиятсози миллӣ пайвангари инсону табиат ва паёмовари сулҳу амонӣ шинохта бо баргузории маросимҳои зебои гулгардонӣ, оғози киштукори баҳорӣ, сайру шодмониҳо, бозию мусобиқаҳои варзишӣ ва пухтани суманак хело мутантан таҷлил мекарданд. Занону духтарон дар рӯзҳои Наврӯз пеш аз ҳама пирони барҷомондаро хабар мегирифтанд, ба хонаи наварусон рафта онҳоро дуои нек мекарданд. Дастархони зебои Наврӯзиро бо ҳафтшину ҳафтсин ва дигар хӯрокҳои миллӣ оро медоданд. Басо хушояндаст, ки дар даврони истиқлол дар ҷашнҳои калоне, ки дар маркази ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барпо мегарданд, бо урфу одатҳои сунатӣ инчунин намоиши маҳсулотҳои ҳунармандӣ, таомҳои миллии анъанавӣ ва навҳои гуногуни ҳалво таҳия мекунанд.

Имрӯз мардуми шарафманди ноҳия бо ҳисси меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба фарҳангу сунатҳои ниёгон оинҳои Наврӯзиро пос дошта ин ҷашни аждодиро бо шаҳомату нишоту сурур таҷлил менамоянд. Ифтихорманду сарфарозем, ки бо шарофати истиқлолу озодии ватани маҳбубамон ва бо ибтикори Пешвои муаззами миллатамон Наврӯз- ин оини бебаҳои аҷдоди эҳё шуда, барои рушди минъбадаи русуми Наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё гаштааст. Наврӯзи имсола панҷсолаи рушди саноати мамлакат ва оғози омодагиҳо ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст.

Бинобар ин аз ҳамдиёрон даъват мекунам, ки корҳои ободонию бунёдкориро барои татбиқи ормони миллӣ саноаткунонии босуръати мамлакат, рушди соҳаи кишоварзӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолият вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотамонро боз ҳам ободтар созем. Дар ин самт хусусан соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпешаро ба ҳамкорӣ даъват карда, бояд беш аз пеш дар бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, тақвият ёфтани иқтидори иқтисодии мамлакат ва ҳарчи зиёдтар ҷои корӣ таъсис додан барои ҳамдиёрамон саҳм гузорем. Итминони комил дорам, ки мардуми ҳиматбаланди ноҳияи Кӯшониён соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатманд ин сунатҳои Наврӯзиро ба хусус дар самти ободонии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳали зист, дастгирии иҷтимоии табақањои ниёзманди ҷомеа, таъмири бунёди роҳҳо ва муассисаҳои илму маориф, тандурустӣ барои ҳамдиёронамон таъсис додани ҷойҳои нави корӣ таҳким бахшида, ҷашни муқаддаси миллиамон- 35 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд. Махсусан деҳқонони асилу шуҳратманди ноҳияи Кӯшониён дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ истифодаи самарабахш намуда, киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умедро, ки файзу баракати хони наврӯзии мардумамон мебошад, оғоз кардаанд. Ва бо заҳмати пурмаҳсулашон барои ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи устувор хоҳад гузошт. Бо ҳамин нияти нек, бори дигар, тамоми сокинони шарафманди ноҳияро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона таҳният гуфта ба ҳамаи шумо тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона, пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯзи фархундапай ҳумоюн бод, дӯстони азиз!

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.