“ҲАР КУҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ,
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ!”
Имрӯз 23 марти соли 2023, дар маркази ноҳия шаҳраки Исмоили Сомонӣ, бахшида ба ҷашни Наврӯзӣ хуҷҷастапай бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, роҳбарияти ноҳия, сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарон ва кормандони ташкилоту идораҳо ва беш 6000 нафар сокинони ноҳия таҷлили бошукӯҳӣ Наврӯзи оламфрӯз баргузор гардид. Нахуст роҳбарияти ноҳия ва меҳмони гиромӣ ба 10 нафар ятимони кулл туҳфаҳои идона тақдим намуда, сипас ба 20 ҷуфт домоду арус шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотирмон, инчунин ба 40 нафар кӯдакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд сарулибос ва туҳфаҳои арзишманд супориданд. Сипас меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, намоиши таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои наврӯзӣ ва дастовардҳои варзишгарон дидан намуда, сипас дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ Барномаи фарҳангии идона баргузор гардид. Дар сухани табрикотии худ раиси ноҳия Вализода Икромидин Сироҷиддин, тамоми меҳмонон ва сокинони ноҳияро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуда, қайд карданд, имрӯз мардуми шарафманди ноҳия бо ҳисси меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба фарҳангу сунатҳои ниёгон оинҳои Наврӯзиро пос дошта ин ҷашни аждодиро бо шаҳомату нишоту сурур таҷлил менамоянд. Ифтихорманду сарфарозем, ки бо шарофати истиқлолу озодии ватани маҳбубамон ва бо ибтикори Пешвои муаззами миллатамон Наврӯз- ин оини бебаҳои аҷдоди эҳё шуда, барои рушди минъбадаи русуми Наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё гаштааст. Наврӯзи имсола панҷсолаи рушди саноати мамлакат ва оғози омодагиҳо ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст.
Зинда кардани тамаддуни аҷдодиамон ва ба ин васила бори дигар ба тамоми олам муаррифӣ намудани арзишҳои миллии мо ва ҳифзи ин арзишҳо кору пайкори доимии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидааст, ки ҳар яки мо бояд бечуну чаро ба қадру манзалати он бирасем. Байналмилалӣ гардидани Наврӯз худ гувоҳи он аст, ки аҷдодони мо чигуна фарҳанги бою пурғановат доштанд ва онро кишварҳои зиёд пазироӣ намуда, бо шакли қадимааш қабул намуда ҷашн мегиранд. Ҳамзамон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим иштирокчиёни чорабинӣ ва кулли сокинони ноҳияро бо фарорасии ин ҷашни бошукӯҳӣ миллӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар як хонадон рӯзгори осоишта, тинҷиву амонӣ, сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидонаро ба Тоҷикистон азиз ба марди деҳқон бурдбориҳоро дар кишти баҳорӣ таманно намуданд. Дар ҳаминҷо ба ғолибони мусобиқаи футбол Ҷоми раиси ноҳия бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ доир гардида буд, аз тарафи роҳбарият ва меҳмони гиромӣ дар вазъиятӣ тантанавӣ супорида шуд. Барномаи фарҳангии чорабинӣ, ки аз тарафи аҳли ҳунари фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо таронаҳои гулрези Наврӯзӣ ва баҳорӣ саршор буд, меҳмонон ва сокинони ноҳияро болидахотир ва шоду масрур намуданд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён