Баргузории иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум

      Санаи 30 марти соли 2023, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, директори Маркази тиббии тарбияи ҷисмонии вилоят Қурбонзода Ҳаким ва бо иштироки вакилон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони бахшу шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои маориф ва тандурустии ноҳия, иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Баъд аз интихоби котиботи иҷлосия, раиси ноҳия рӯзномаи Маҷлисро пешкаши ҳозирин намуданд. Рӯзномаи иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум аз масъалаҳои зерин иборат буд.

1.Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 28 марти соли 2022, № 284, “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 31 январи соли 2022, №39, Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2021, №566, “Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

2. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табии.

4. Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Заргар” №39

5. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия.

Баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосия, раиси Маҷлиси вакилон Вализода Икромиддин Сироҷиддин вобаста ба амалишавии Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуда, ба масъулини соҳаи тандурустии ноҳия баҳри ҷоннок намудани корҳо дар ин самт ва бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз вакилон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати сифатнок амали гаштани Барномаи мазкур дар маҳал, ҳамкориро зич бо масъулин ба роҳ монанд. Ҳамзамон раиси Маҷлиси вакилон, баъди шунидани ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табии Иброҳимзода Амриддин ба масъулин, баҳри бартараф намудани камбудиву норасоиҳо, ҷоннок намудани рафти кишти баҳорӣ, самаранок истифодабарии заминҳои корам, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ғайримақсаднок истифодабарии замин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Баъд баррасии тамоми масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосия, бо пешниҳод гардидани таклиф дархостҳо қарори дахлдор қабул гардида, ба кори Иҷлосия ҳусни анҷом бахшида шуд.

1_22.jpg 2_114.jpg 

“Кӯшониён”

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.