ҲАРЗАГУИҲОИ МУҲАММАДИҚБОЛИ ХОИН САДДИ РОҲИ ҶАВОНОНИ ШУҶОЪ ШУДА НАМЕТАВОНАД!

      Вокуниш: Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди ғайриқонунӣ эълон гардидани ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) пайравону ҷонибдорону аъзоёни ин ҳизб имрӯз дар Аврупо қарор дошта, номи ҳизби ифротиро ба “Паймони миллӣ…”(ПМ) табдил дода, имрӯз бо ҳар роҳу равишҳо мехоҳанд мавқеи аз даст рафтаи худро пайдо намоянд. Мо калимаи Тоҷикистон-ро илова накардем, зарур намешуморем! Воқеан бо иваз кардани номи ҳизб дар дигар шакл аз роҳбар сар карда то аъзоёну пайравон ҳамон наҳзатиҳои ифротии пешина ҳастанд ва ҳамагон онро бо абберватураи ТТЭ ҲНИ – ПМ мешиносанд. Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо ТТЭ ҲНИ – ПМ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш, бахусус Муҳаммадиқболи Саддриддин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, ҳаргуна наворҳои сохтаро пахш мекунад, ки ин ҳама бар хилофи мардуми тоҷик буда, сар то дурӯғу сафсата мебошанд ва бо ин васила кӯшиш доранд, ки бегуноҳии худро дар назди ҷомеаи имрӯа исбот намоянд. Вале душманони миллат дар хотир дошта бошанд, ки ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид. Ба ҳамагон амалҳои аблаҳонаи падари Муҳамадиқболи Садриддин, ки бо пули дуздӣ фарзанд ба воя расондаасту писари 12-13 солаи худро ба Муллошарифи Афғон бовар карда супоридааст маълум аст. Чигуна метавон тасавур кард, ки падар фарзанди худро ба дасти шахси бегона суорид? Ин албатта бешарафӣ аст. Муҳаммадиқболи Садриддини хоин баъд аз ба доми қомондонҳои ифротии афғонӣ афтодан ӯ ба ходимонаш ба ҷои зан адои хизмат мекард. Аз ин дида бешарафӣ ва ноодамигарӣ буда метавонад? Ба ғайр аз ин амалҳои ношоиста ӯ ба амалҳои қалоббона даст зада ба боварии мардум даромада бо паҳн кардани ҳаргуна маълумотҳои диннии бардурӯғ аз мардум маблағҳои зиёд ба даст овардааст. Муҳаммадиқболи Садриддин нокасест, ки ба чунин амалҳои пасту касиф даст задааст. Боз амалҳои ғайриинсонии Муҳаммадиқболи Садриддин буд, ки ӯ ҳатто дар рузи фавти падар ҳозир нашуд. Ҳол он, ки дар ҳамон шабу рӯз якчанд хатсайрҳои шабонарӯзӣ ба самти Тоҷикистон мавҷуд буданд. Муҳамадиқболи хоин имрӯзҳо мақомоти давлатиро вобаста ба маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ зери танқиди беасос қарор дода, туҳмату таҳқир карда истодааст. Ин сафсатаву туҳматҳояш ҳарзагуиеро мемонанд, ки воқеият надошта, ин корро танҳо барои сиёҳкунии мақомотҳои давлатии кишварамон анҷом медиҳад. Аз ин амалҳои номатлуби ӯ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки Муҳаммадиуболи хоин руйрост ба давлату миллати тоҷик душманиву иғвогарӣ дорад ва тавассути нашри чунин матолиб дар миёни аҳолӣ таблиғоти тахрибӣ мебарад, то ҷавонон ба Артиш нараванд. Муҳаммадиқболи хоин дар умраш барои давлату миллати тоҷик ягон хизмате накардааст. Дар умраш танҳо бо истифодаи макру ҳилла ва қаллобӣ барои манфиати моддии худ фаъолият доштаасту халос. Тамои амалҳояш, аз ҷумла фаъолияташ дар ҳайати ташкилоти террористии наҳзат, чопи китобҳои зиддимиллию дорои хусусияти ифротгароӣ, соҳибкорӣ ва дигар кирдори ӯ асосан барои ба даст овардани пулу мол анҷом дода шудаанд. Барои вай арзишҳое мисли Ватану миллат, инсондӯстӣ ва садоқат бегонаанд. Ҳамин аст, ки бо ҳар роҳу восита, хусусан тавассути таҳияи ва паҳн кардани матолиби тахриботӣ мехоҳад барои ба Артиши миллӣ рафтани ҷавонон моне эҷод кунад. Амалеро анҷом медиҳад, ки танҳо як душмани ашадӣ метавонад онро анҷом диҳад. Афроди шабеҳи М.Садриддин дар Артиши миллӣ хизмат намекунанд, балки барои дарёфти чор тангаи ҳаром дар хизмати дигарон, аз ҷумла душманони миллат қарор мегиранд. Ин гуна нафарон, масалан наҳзатиҳо ва онҳое ки қаблан ба ДИИШ пайвастаанд, ба ҳар коре қодиранд, барояшон фақат пулу пол дода шавад шуд. Имрӯз мо бо ифтихор ва бо сарбаланди мегуем, ки Тоҷикистони мо дигар давлати ақибмонда нест. Тоҷикистонро фарзандони соҳибмаърифаташ ба яке аз давлатҳои пешқадам табдил додаанд, ки он акнун маҳбуби ҳама халқи ҷаҳон ва умеди ҳама беватанони дунёст. Насли имрӯз бо ин Ватан ифтихор доранд. Аммо бархе аз одамони кӯрнамак ва носипоси ин миллат, ҳамсоли Муҳамадиқболи Садриддин мехоҳанд баҳори гулфишону гулбасари Тоҷикистони озоди моро ба хазони абадият табдил бидиҳанд. Вале мо ҷавонон бар Ватану миллати худ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ будем, ҳастем ва мемонем.

Сатторова Моҳбону- мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.