КАБИРӢ ВА ХОНУМҲО ДАР ХАТИ ПЕШ!

     АНДЕША: Тазоҳуроте, ки санаи 24 марти соли равон дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин аз ҷониби гуруҳӣ мухолифон дар рӯзҳои сафари расмии Пешвои миллат ба шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷиҳати иштирок дар кори конференсияи Об ва Наврӯз сурат гирифт, ташкил ва баргузор карда шуд. Мақсади гурӯҳӣ нотавонбинони давлат бадном сохтани кишвари азизамон ва паст задани обрӯй ва эътибори тоҷикон буд. Ҳамеша баёни андеша кардем ва хоҳем гуфт, ки аввалан митингароён тавон ва ҷуръати миллии ҷавонмардона медоштанд, дар ин рӯзҳои барои Тоҷикистон таърихи чунин гирдиҳамоиҳоро ташкил намекарданд ва ба ҷаҳониён эҳсоси нобовариро нисбати миллати соҳибфарҳанги тоҷик намегузоштанд. Баъдан, бисёр аҷиб аст, ки як гурӯҳӣ хурди тазоҳуротчиёни бо ном тоҷикро як хонуми хориҷинамои бегона роҳбари мекард ва барномаро пеш мебурд. Шояд ин гурӯҳӣ бегонашудагон, худ тавони пешбурди як барномаро надоранд, сохтакорона ба намоиш баромадаву барои дарёфти рузии худ ва ё ба даст овардани қути лоямут ва ба ин васила амали сохтани нақшаи душманони миллату давлати Тоҷикистон саф кашидаанд? Пушти барномаи сохтаву дуругин, ки ҳадафаш хиёнат ба давлату миллат аст, нонхурдан ва зистан ба Шумоён -мардони тоҷик намезебад! Айб аст, ки гуяндагони асосии тазоҳурот занҳо бошанду мардон думболи онҳо саф кашида....... Кабирии хиёнатпеша барвақт нангу номуси ҷавонмардиро аз даст додаву акнун бо хилаву найрангҳои худ занони хориҷиву худиро ҷалб карда, дар бозиҳо васеъ истифода мебарад?

Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.