Кӯшониён: Вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия

    “ТЕРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА АВҶ ГИРИФТА, БО ОҚИБАТҲОИ ДАҲШАТБОРУ БЕРАҲМОНИИ ХУД БА ПРОБЛЕМАИ ҶИДДИТАРИНИ ИНСОНИЯТ ДАР АСРИ 21 ТАБДИЛ ЁФТААСТ”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз 31 марти соли 2023, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вазъи сиёсию иҷтимоии ҷаҳони муосир ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия таҳти роҳбарии раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид. Сараввал раиси ноҳия мақсад аз баргузории ҷамъомадро баён намуда қайд карданд, ки ташаббус ва таклифу пешниҳодҳои сатҳи байналмилалии Президенти маҳбубамон, мо хизматчиёни давлатӣ, ҳарбиву низомӣ, зиёиён ва ҳамаи фаъолонро водор менамояд, ки дар амалӣ намудани Барномаҳо, Стратегияҳои давлатӣ ва нақша-чорабиниҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ дониши пурра, саводу комил ва ҷаҳонбинии васеи муосири бо вақту замон ҳамқадам, ҳаракат карданро омӯзем. Вобаста ба хатари идеологияи гурӯҳҳои террористӣ- экстремистӣ ба сохти Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати ҳимояи дастаъҷамъонаи марзу буми кишвар, ҳифзи давлатдории миллӣ, асосҳои сохти Конститутсионӣ, арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, таърихӣ тоҷикон дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола ба сокинони ҷумҳурӣ таъкидҳо мешавад. Инчунин раиси ноҳия дар суханронии худ якчанд рақамҳои омории ноҳияро вобаста ба самтҳои гуногун пешниҳод намуда, аз баъзе камбудиву норасоиҳо изҳорӣ нигаронӣ намуданд. Ҳамзамон аз тамоми фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ даъват ба амал оварданд, ки дар вазъияти мураккаби имрӯзаи иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир шабонарӯзии заҳмат кашида, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сарбаландона иҷро намуда, насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд. Дар вохӯрӣ ҳамзамон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баромад намуда, аз вазъи ҳуқуқии ноҳия маълумот пешниҳод намуда, таклиф намуданд, ки дар ҳамоҳангӣ мо ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохуриҳоро дар маҳал бештар намоянд.

1_23.jpg 2_115.jpg 3_125.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.