Кӯшониён: Сафарбаргардидани 150 нафар ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар “Рӯзи даъватшаванда”

      “Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон – ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем”.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

     Имрӯз 1 апрели соли 2023, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №541 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва ҷавонон, дар назди бинои Кохи фарҳанг ва комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинии идонаи “Рӯзи даъватшаванда”, бо гусели 150 нафар ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар суханронии худ раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин тамоми иштирокчиёнро бо баргузории чорабинии идона шодбош намуда қайд намуданд, ки мардуми шарафманди ноҳия, имсол 30-юми солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз оромию осудагӣ бо руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақил таҷлил намудем, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ, ҳарбию сиёсии кишвар бо андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор гардида буд. Мардуми кишвар дар симои Шумо ҷавонон фарзандони бо нангу номус ва далеру шуҷои худро мебинад, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд. Аз ин лиҳоз Шуморо зарур аст, ки тамоми азму ирода ва нерӯву малакаи худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва сазовор будан ба эътимоду боварии сокинони кишвар сафарбар намоед. Ҳамзамон, раиси ноҳия миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба тамоми волидони ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршуда баён намуда, ба ҷавонони сарбаланди ноҳия баҳри адои содиқонаи хизмати ҳарбӣ сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва некномӣ таманно намуданд. Сипас, якчанд собиқадорони ҷангу меҳнат, волидони даъватшавандагон ва ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршуда баромад намуда, миннатдории худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, барои шароити мусоид фароҳам овардан ва дастгириҳои пайваста баён намуданд. Ҷиҳати ҳавасмандии ҷавонон, дар рафти чорабинӣ марҳилаи аввали супоридани Шаҳодатномаҳои хатми курси ронандагӣ ва шаҳодатномаи хатми омузишӣ касби кавшергарӣ барқӣ низ аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба ҷавонони даъватшаванда супорида шуд. Модарони азизу меҳрубон анъанаҳои неки гузаштагонро баёд оварда, ҷавононро бо нону кулчаҳои зебои омоданамуда, гусел карданд. Чорабинии идонаро аҳли фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини фарҳанги ва шеъру сурудҳои ватандӯстона идома дода, иштирокчиёни чорабиниро болидахотир намуданд.

8_56.jpg 10_36.jpg 12_51.jpg 13_46.jpg 25_16.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.