ТАБРИКОТИ раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромидди Сироҷиддин, бахшида ба иди Саиди Фитр

    Ҳамдиёрони азиз!

   Ҳамаи шуморо ба муносибати иди Саиди Фитр самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар як нафар ва хонадони шумо саломатӣ, осоишу оромӣ, файзу баракат, рӯзгори ободу осударо таманно менамоям. Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, айёдати беморону азодорон рафта, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд ва ба ятимону маъюбон ва шахсони ниёзманд кӯмаки амалии худро мерасонанд. Воқеан додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи эҳтиёҷмандон яке аз вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад. Маълум аст, ки тағйирёбии обу иқлим, хушксолӣ, ављи ҷангҳои сард, муборизаи давлатҳои абарқудрат ва дигар мушкилотҳои ҷаҳони муосир кишварҳо ва аҳолии кураи сайёраро ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ карда, дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон болоравии нархи маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ тибқи таҳлили коршиносон шиддат дорад. Бинобар ин ҳар як нафари моро зарур аст, ки дар иҷрои ҳадафҳои бунёдии мамлакатамон содиќона мењнат намоем.  Зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳон мо бояд ба умеди дигарон набошем ва ба зоҳирпарастию намоишкорӣ ва исрофкорӣ махсусан ба маҳсулотҳои хӯрокворӣ роҳ надиҳем. Беҳтар он аст, ки тамоми имкониятҳои молиявии худро барои тарбияи фарзандонамон, ки ояндаи мову шумо ҳастанд, барои ободии хонадон ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии хонавода равона намоем. Ҳар яки мо бояд шукргузор бошем, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизбони ҳамоиши бузурги таърихӣ дар шаҳри Ню-Йорк оид ба ҳадафҳои “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018 – 2028” буданд, ки ин ифтихор ва иқболи баланду накӯи миллат ва халқҳои Тоҷикистон мебошад.Мушкилоти дигаре, ки ба зиндагии тамоми мардуми кураи сайёра хатарҳо эҷод кардааст ва ин фаъолияти бошиддати гуруҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад, ки ба амнияти бисёр давлатҳо, аз он ҷумла ба амнияти томи Тоҷикистони азизи мо низ тањдид дорад, ки барои пойдориву осудагии имрӯзу ояндаи ҳар як давлат, миллат, халқият хатарноктарин ХАВФ ҳисобида мешавад. Мубориза ва муқовимат бо ин гуруҳҳо вазифаи фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии мову шумо дар назди Ватан-Тоҷикистон аст. Бори дигар, бо камоли эҳтиром ба ҳар яки Шумо ва дар симои Шумо ба ҳар як узви хонадони Шумо тандурустӣ, дарозумрӣ ва дар рӯзгоратон оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт, баракату фаровонӣ таманно намуда, даъват менамоям, ки ба якдигар ғамхору меҳрубон бошед, ба қадри якдигар, падару модарон, хешу табборон ва аҳли пайвандон расед, ба ятимон њамеша дасти кӯмак дароз намоед, накӯкору хайрхоҳ ва саховатманду ҳимматбаланд бошед. Ҷавононро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбият карда, барои ҳифзи марзу буми Ватан ва ба хизмати ҳарбӣ омода кардани фарзандон саҳми аввалини худро гузорем.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.