Терроризм ва ифротгароӣ - хатари он ба амнияти аҳолии сайёра

      АНДЕША: Тавре дар Паёми Пешвои миллат омадааст, мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд. Аз Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гашт. Боиси таасуф аст, ки вақтҳои охир ҷинояткорӣ ва ҳуқуқйронкунӣ миёни ноболиғон тамоюли афзоиш дорад. Агар ҳуқуқвайронкуниҳои давраи наврасӣ ва амалҳои ношоями онҳо саривақт аз ҷониби шахсони масъул ва мақомоти дахлдор пешгирӣ ва ё ислоҳ нагарданд, он гоҳ аз эҳтимол дур нест, ки ин рафтори онҳо тадриҷан ба одат табдил ёбаду сабаби дар оянда ба ҷиноят даст задани эшон гардад. Баъзан чунин ҳам мешавад, ки бо вуҷуди саъю талоши наздикону пайвандон ва хуни ҷигаршавиҳои волидон аз ин роҳ баргардонидани онҳо даст намедиҳад, чунки алакай дер шудааст. Зеро “тарки одат, амрест муҳол” гуфтанд ва ё ба қавле “оби рехтаро бардоштан ғайри имкон аст”.

Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгор ва падару модарро зарур аст, ки бо дарки амиқи гуфтаҳои боло маҳз дар ҳамин давраи синусолӣ нисбати тарбияи фарзандони хеш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд ва дар пешгирӣ намудани содир гаштани рафторҳои ғайримақбул аз ҷониби наврасон чораҳо андешанд. Оид ба яке аз зуҳуроти ба вабои аср мубаддалгардида терроризм ва ифротгароӣ ва хатари он ба амнияти аҳолии сайёра ва тавсеаи фаъолияти гуруҳҳои ифротгарою террористи дар вақтҳои охир муфассал истода гузашт. Таъкид шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳими наврӯзъ, дар мавриди хатарҳои глобалӣ ин зуҳуроти нангинро хатари авалиндараҷа ҷаҳони муосир хондаву паёмадҳои нохуши онро на камтар аз силоҳи ядрои арзёби карданд.

      Иштироки ҷавонони ноогоҳ ва дар ҷаҳолат ғутида дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳо, хештанро ба дасти худ ба вартаи ҳалокат афкандан, бо роҳи худкушиву худтарконӣ зарар ба ҷомеа расонидан маҳкум карда шуда, зарурати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пурзур намудани корҳои ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат, ҷавононро солимфикру бомаърифат ба воя расонида барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки 30 – солагии онро таҷлил намудем, таъкид шуд. Сухани Президенти кишвар “зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд” ба аҳли маҷлис фаҳмонида дода шуд.

Сабабу омилҳои ба ҷинояткорӣ даст задани ноболиғон паст будани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бо таълиму тарбияи мактабӣ фаро гирифта нашудани қисме аз наврасон, ба талабот ҷавобгу набудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ барои наврасон ва ё умуман амал накардани онҳо, сатҳи пасти вазъи иҷтимоию иқтисодии бештари оилаҳо, ба меъёр ҷавобгӯ набудани сатҳи зиндагии қисми зиёди аҳолии кишвар, аксар вақт беназорат мондани наврасон аз тарафи волидайн, суст ба роҳ монда шудани ҳамкори мактабу хонавода, ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудани тарбияи ахлоқи ва ҳуқуқии наврасон дар мактаб, бинобар сабаби амал накардани маҳфилҳои фаннӣ дар аксари мактабҳо бекор мондани наврасон ва дар натиҷа ба амалҳои ношоиста даст задани онҳо, дар оилаҳои нопурра ба воя расидани бархе аз наврасон, сол аз сол афзудани сафи муҳоҷирони меҳнати, ки аксари онҳоро падарон ташкил мекунанд ва дар натиҷа аз тарбияи падари хеш бебаҳра мондани наврасон барои комилан дастрас будани тамоку машруботи спиртӣ, ба варзиш ва корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб нагаштани қисми зиёди наврасон, қариб, ки ҳамаруза қисми зиёди вақти худро ба тамошои филм ва бозиҳои компютери тарғибгарикуштору зӯроварӣ сарф намудани наврасон ва дар натиҷа дар руҳиятбераҳмиву ҷоҳили тарбияёфтани онҳо, дар бораи меъёрҳои аз тарафи ҷамъият қабулгаштаи ахлоқӣ тасаввуроти нодурруст доштани наврасон ва дар заминаи ин дар сатҳи паст қарор гирифтани маърифати ҳуқуқии онҳо ва ғайра дониста шудааст.

“Кӯшониён”

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.