Кӯшониён: Рафти даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст»

      Санаи 10 майи соли 2023, бо мақсади иҷрои Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар МТМУ №12-и ноҳия, даври 2-юми озмун бо иштироки 60 нафар омӯзгорон ва 400 нафар хонандагон, ҷавонон, кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони ноҳия баргузор гардид. Баҳри ҷараёни шафофи рафти озмун, ҳайати ҳакамон аз кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорони пуртаҷриба ва мутахассисони соҳаи маориф иборат буд. Бояд қайд намуд, ки баргузории озмун барои тарғиби китобхонию китобдӯстӣ, дарёфти истеъдодҳои хуб, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари ровигӣ ва аз бар кардани асарҳои нависандагону шоирон, инчунин таълифи ашъори баландпояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин чеҳраҳои суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, фаъолгардонии доираи забондони ва тараннумгари дастовардҳои замони истиқлолият мусоидат менамояд.Иштирокдорони озмун, аз рӯи панҷ номинатсия адабиёти классики, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоири маҳорати худро ба ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун пешкаш намуда, беҳтаринҳо ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Бештари иштирокдорон дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классик ва бачагона маҳорати хуб нишон доданд. Рафти озмун нишон медиҳад, ки сол то сол хоҳишмандон барои иштирок дар озмун бештар гардида, нафарони китобдӯсту шеърдӯст зиёд гардида истодааст.

IMG-20230510-WA0014.jpg IMG-20230510-WA0003.jpg IMG-20230510-WA0007.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.