“Коррупсия яке аз хатарҳои асосии ҷомеа буда, ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлату ҷамъият халали ҷиддӣ ворид месозад”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 12 майи соли 2023, тибқи Фармоиш ва нақшаи Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, вохурии кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Одинамаҳмадзода Парвиз ва Сафарзода Сиёвуш бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар вохурӣ муовини раиси ноҳия Дилафрӯз Шукруллозода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ҳисориев Бобосанг ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд. Сараввал, муовини раиси ноҳия меҳмонони гиромиро муаррифӣ намуда, ташрифи онҳоро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша барои ҳамкории дуҷониба омода буда, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” ва пешгири ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар ин самт тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Қайд гардид, ки, коррупсия омили хавфноки ҷомеа буда, ба амнияти миллӣ ва рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Таъмини бехатарии иқтисодӣ ва таҳкими низоми молию буҷетии кишвар, мубориза бо коррупсия ва омилу падидаҳое, ки имрӯз садди рушди иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошанд, бояд вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шахсии ҳар як роҳбар ва хизматчии давлатӣ бошад». Мо бояд дастури Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, ба масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ ва амалҳои зидди коррупсионӣ диққати ҷиддӣ диҳем. Чунки содиршавии ҷиноятҳо аз паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷо ба ҷо гузории кадрҳо ва бемасъулиятии баъзе шаҳрвандон вобаста аст. Аз ин рӯ, мунтазам истифода бурдани роҳу воситаҳои муассири мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб бамаврид аст. Барои ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии кормандон аҳамияти бештар додан лозим меояд. Дар ин мубориза аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро коҳиш диҳем. Иброз карда шуд, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия фаъолияти пурсамар дошта, тибқи нақша фаъолияти худро бурда истодааст. Сипас, сухан ба намояндаи Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Одинамаҳмадзода Парвиз дода шуд. Одинамаҳмадзода Парвиз, дар суханронии худ пеш аз ҳама барои ташкили вохӯрӣ миннатдории худро ба роҳбарияти ноҳия баён намуда қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории ин вохуриҳо ин пеш аз ҳама иҷрои босифати ва саривақтии Фармони Президенти мамлакат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бобати муқовимат бо коррупсия арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, вобаста қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин самт ва амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” сухан ронда шуд. Парвиз Одинамаҳмадзода, инчунин қайд намуд, ки мубориза бо ин падидаи номатлуб вазифаи танҳо мақомоти Агентӣ набуда, бояд дар ин самт ҳама ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ новобаста аз шакли моликият саҳмгузор бошанд. Қайд карда шуд, ки бояд ҳамаамон ҳушдор бошем, ки дар сурати содир намудани ҷиноят ё дигар амалҳои коррупсионӣ ҳатман дар назди қонун ҷавоб хоҳем дод ва бори дигар таъкид мекунам, ки асоси решакан намудани коррупсия ва ҷинояткорӣ ин пешгирӣ мебошад.
Тамоми ин талаботҳо ва таклифҳое, ки иброз намудем, танҳо ба як хотир аст, ки сазовори он боварӣ ва умеду мароми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди Тоҷикистон шавем, вазифаҳои дар наздамон истодаро ба хусус пешгирии коррупсия ва омилҳои бартараф намудани онро бо сарбаландӣ иҷро намоем, обрӯ ва эътибори халқу миллатро дар ҷомеа баланд бардорем, мутахассисони соҳибкасб ва баландмартаба омода намоем. Муовини раиси ноҳия Д.Шукруллозода, ба меҳмонон ҷиҳати баргузор намудани чунин вохурии судманд миннатдории хешро баён намуда, тамоми фаъолони ноҳияро даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузорӣ дар ин самт ва пешниҳоди саривақтии ахборотҳо тамоми чораҳои зарурӣ андешанд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён