МУБОРИЗАИ ЯКҶОЯ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ -АМАЛИ ҲАДАФНОК БАРОИ ҶОМЕАИ БЕХАТАР

      АНДЕША: Фазои ноороми ҷаҳони муосир, ки рӯз то рӯз мураккаб мегардад, аз ҳар яки мо фаъолон, зиёиён, ҷавонону занони пешқадам ва хизматчиёни давлативу низоми ва ҳамаи дигар кишрҳои касбу кори гуногун диди бедор ва ҳушёриву зиракиро тақозо менамояд. Дар Паёми навбатиашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон аз таҳдиду хатарҳои афзоишёбандаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва оқибатҳои манфии ҳалокатбори барномаҳои ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои бегонаи иртиҷои ҳушдор дода, таъкид намуданд, ки пешгири ва мубориза алайҳи ин гурӯҳҳо кори дастаҷамъонаи ҳамаи сокинон, фаъолон, хизматчиёни давлатӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар ҳошияи роҳнамоиҳои дар Паём ироа шуда, мо ҳозир ҳастем, ки дар сиёсати меҳварии Президенти худ сарҷамъ бошем ва дастовардҳои беназири даврони Истиқлолро, аз ҷумла СУЛҲУ СУБОТ ва ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ҳамчун гаҳвараки чашм ҳифз намоем! Ҳифзи Ватан, пойдории давлати навини тоҷикон ва ягонагии марзу буми Тоҷикистонро қарзи шаҳрванди ва вазифаи ҷонии худ шуморида, дар ин роҳ лозим ояд ҷони худро сипар намоем! Бо шукргузори баён менамоям, ки аҳли зиёии ноҳияи Кӯшониён баҳри амали намудани чор ҳадафи стратегии давлатамон ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, коммуникатсия ва саноатикунонии босуръати кишвар садоқатмандона кору фаъолият карда, зиндагии осоиштаро қадр менамоянд. Мо ва кулли зиёиён дар партави Паёми навбати омода ҳастем, ки наврасону ҷавонон ва шаҳрвандонро дар руҳияи баланди ватандустӣ тарбия намоем. Зеро тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба пойдории давлат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ замина гузошта, таҳдиду хатарҳоро рахна намуда, бақои миллату давлат ва рушди бахшу соҳаҳои гуногуни мамлакатро таъмин менамояд! Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакатамон ҳамчун кишвари пешоҳанг ва собитқадам дар ҳалли масъалаҳо ва мушкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои террористиву экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фуруши яроқу силоҳ, гурруҳҳои ҷинояткори хусусияти фаромиллидошта, оқибатҳои фоҷеабори тағийрёбии иқлим, аз ҷумла хушксоли ва обшавии бемайлони пиряхҳо, хатари беоб мондани кураи сайёра ва ғайраҳо муаррифи гардидааст. Бо ташаббуси Президенти кишвари мо дар 3 соли охир дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳо аз ҷумла конференсияҳои сатҳи байналмилали дар мавзӯҳои мубориза бо хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои хусусияти террористиву экстремисти дар замони муосир бо иштироки сарон ва намояндагони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъи (СААД), Созмони Амният ва Ҳамкори дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (ИДМ) тариқи маҷози ва бо иштироки бевосита доир гардидааст. Президенти мамлакатамон дар Паёми навбатиашон таъкид карданд, ки дар замони пуртаҳавулот ва мураккаби сиёсӣ дар сиёсати хориҷи кишвари мо бо ҳамаи давлатҳо сиесати дарҳои кушодаро бо ҳусни ҳамҷавори ва дар пояи эҳтиром бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои давлат ва арзишҳои миллӣ санҷида ба роҳ монда, ҳамчун узви фаъоли СММ ва чандин созмонҳои дигари бонуфузи ҷаҳон роҳи муколамаро интихоб намудааст. Маълум аст, ки ташкилотхои террористӣ, гурӯҳӣ 24, паймони милли ва дигар душманони хоривии кишварамон, ҳар лаҳза пайи ноором сохтани авзои сиёси ва суботи томи Тоҷикистон кушиш менамоянд. Махсусан, тавассути шабакаҳои интернети огоҳи доред, ки санаи 24 марти соли равон рӯзҳое, ки Пешвои миллатамон аз минбари баланди СММ суханрни доштанд, дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Олмон душманони давлату миллат, гурӯҳӣ муайяне бо сарпарастии Кабири тазоҳуроти навбатии худро ташкил карданд. Ин амалу рафтор ва ҳаракати душманони миллату давлат моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша бо руйдодҳои муҳими сиёсии давлатҳои ҷаҳон огоҳ бошем, ҷараёни онро пайгири ва мушоҳида карда таҳлил намоем, аз нигоҳи илми омӯзем, роҳи ҳалли мусбии онро ёбем, хатару таҳдидӣ онро ба Тоҷикистон пешгирӣ намоем, дар ҳамагуна вазъияти эҳтимоли ва фавқулода ба миён омада, баҳри ҳифзи суботи томи сиёсии Тоҷикистон якҷоя истодагари карда тавонем! Дар ин самт масъулиятшиносии ҳайати васеъи фаъолон, зиёиён, ҷавонону занон, соҳаи фарҳанг ва дигар қишри зиёиён, ки блоки асосии идеологиро ташкил медиҳанд, нақши калиди мебозанд. Ин шохаи блоки идеологи ҳамчун муҳаррик таблиғро ба кор дароварда, ҷомеаро бо ҳадаф ва барномаи худ фаро мегирад. Агар қишри васеъи ҷавонон, занон, омӯзгорон, ҳунармандон ва зиёиён бо маҳорату малакаи касби ва саводу дониш мусаллаҳ бошанд, пас ин блок метавонад бо вазъияти пешомада рӯ ба рӯ истад ва хавфро аз байн бубарад. Агар муҳимтар аз ҳама руҳияи баланди ватандусти дошта бошанд. Дар ҳар маврид зарур аст, ки ҳайати блоки идеологи аз ҳисоби ҷавонону занон ва шаҳрвандони соҳибмаълумоти ватандӯст пур карда шуда, махорату малака ва донишу саводи онҳо таҳти шиори ватандустӣ ба суйи ободии Ватан ва ҳифзи мукаддасоти давлат сафарбар намоем. Неруи зеҳнии онҳоро ҳамчун ғоясозон дар ҷараёни корҳои ташвиқотиву таблиғоти истифода намуда, аз онҳо мубалиғони асосии Ватандоронро ташаккул диҳем! Дар ин роҳ танҳо ва танҳо дониш, савод ва эҳсоси баланди ватандори доштан муҳим ва шарт аст. Дар замони босурьат тағийрёбанда ва эҳтимоли оғози ҷангҳои сард миёни давлатҳои абарқудрат ҳамаи намояндагони шохаҳои низоми давлатдориро руҳияи баланди ватандустӣ ва саводу дониши муосир метавонад аз ҳамагуна хавфу хатарҳо ва шикаст эмин нигоҳ дорад. Инъикоси пурраи дастовардҳо ва ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифати, варзиши ва сайёҳии кишвари азизамон метавонад, дар замири сокинон руҳияи гарми дустиву бародари, рафоқат, сулҳдӯстиву таҳамулпазириро тарбия намуда, дар ташаккули тафакури истиқлолхоҳӣ, озодиву ватандори ва ваҳдати миллӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, тавассути сомонаҳои расмӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва васоити дигари ахбори омма пур кардани хонадони ҳар як оила бо иттилоот ва руйдодҳои охири дохил ва хориҷи Тоҷикистон дар замони муосир зарурати авалро пеш овардааст. Ҳамзамон, дар партави дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатамон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи он, фаъолияти бахшу сохторҳои низомӣ иҷтимои дошта аз ҷумла бахши ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират, сохтори тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, маориф, Саҳш, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла ва дигар бахшҳое, ки бо мардум низоми пайвастаи корбари доранд, дуруст ба роҳ мондан тақозои замон аст. Ин бахшу сохторхо низ ҳангоми хизматрасони ва ҳалли муроҷиати шаҳрвандон дар доираи қонунҳои амалкунанда муносибати кори ва муоширати касбии самимиро ба роҳ монанд ва дар ҳалли мушкилоташон тариқи қонуни мусоидат ва роҳнамои намудан муҳим аст. Аксари ҷавонон ва оилаҳои ба хизбҳои бегона пайваста, дар муроҷиати худ ба бахшҳои давлати барои ҳалли мушкилот қаноатманд нагардида ва муоширати дағалонаи кормандон онҳоро суйи бегонаги кашонидаанд. Дар муносибат ва муошират махсусан бо оилаҳои эҳтиёҷманд ва вазъи рӯзгори нохубдошта меҳрубони ва ғамхори зоҳир намоем, онҳоро дастгири намоем, бо ҷои кор таъмин намоем, тавассути ҷалби шахсони хайрхоҳ кӯмак намоем, вазъи зиндагиашро хуб намоем, дар ин замина дар дохили кишвар сарҷамъиро аз даст надиҳем ва аҳлонаву якҷоя зиндаги кардани ҳамаи қишру табақаҳоро омӯзем !

Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.