Коррупсия- зуҳуроти хавфнокӣ ҷамъиятӣ

        Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд. Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад. Чуноне, ки аз муқаррароти моддаҳои 1, 5, 10 ва 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат кафолат додааст ва инчунин уҳдадор аст, ки барои амали намудани онҳо шароит муҳайё созад. Ин муқаррарот, инчунин дар қисми 2-и моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст. ки тибқи он «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шахс шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикргардида зарур аст, ки корҳои назаррасе барои бартараф намудани ин мушкилотҳо ба сомон расонад. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябри соли 2003 қабулшуда, баҳри амалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст. Муҳимият ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) шудааст ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд. Қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Сардори давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошанд. Дар паёмҳои ҳамасолаи Сардори давлат ба порлумони кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатӣ қабул намудааст.

Дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатии “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани муҳлати амали он, бори дуюм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардида, баъди ба охир расидани муҳлати амали стратегияи мазкур, бори сеюм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 августи соли 2021, №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои марҳилаи якум (солҳои 2021- 2025) тасдиқ карда шуд.

Баҳри амалӣ гаштани мақсаду мароми Барномаҳои мазкур Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои онҳо дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳо чораҳои таъхирнопазир ва муассирро андешида истодааст.

Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст, коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Президенти мамлакат барои паст намудани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода ва нисбати ин масоил диққати махсуси худро додаанд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25.04.2008с Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин ибрози ақида намуда буданд. «Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.» Коррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хафноки сиёсие ба ҳисоб меравад, ки он барои амали гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеа барпо намуда намегузорад маблағҳои давлатӣ барои барномаҳои пешбинишуда амалӣ гарданд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он барпо намуда, минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудрати омадани шахсони тасодуфи заминаи асосиро гузорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯйистифода аз мансаб, пораситонӣ,судхурӣ, падидаи тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун ба нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад. Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ андешидан зарур аст. Бояд тазаккур дод, ки коррупсия асосан ба фаъолияти давлат ва мақомоти он алоқаманд буда, ин зуҳурот аз рӯзи пайдоиши давлат то ин дам ҳамқадами он мебошад. Суоле ба миён меояд, ки барои чӣ ин тавр аст? Ба ин савол ҷавоб хеле оддист, зеро давлат ва мақомоти он ин ё он вазифаҳои амрдиҳиву танзимкунии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ихтиёр дошта, буҷет ва дигар захираҳои моддиро ихтиёрдорӣ мекунанд, ки бевосита барои ба вуҷуд омадани коррупсия замина шуда метавонад. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон 30-юми апрели соли 2001 чунин баён намуда буданд: «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои санадҳои зидди коррупсиониро таъмин намоянд. Зеро дар бисёр ҳолатҳо коррупсия метавонад афзоиши иқтисодиётро боз дорад». Яке аз муҳимтарин самтҳои аксуламал бо коррупсия ба миён овардан ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ мебошад. Аввалин заминаи ҳуқуқиро дар Чумҳурии Тоҷикистон оиди мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 – уми июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 11 декабри соли 1999 қабул шуда, аз 25 июли соли 2005 дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки ба талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ҳадди имкон мутобиқ гардонида шудааст, ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мубориза бар зидди коррупсия ва паст кардани сатҳи он аз бисёр факторҳо ба мисли дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа ва сатҳи воқеии зиндагӣ ва бисёр дигар факторҳо вобастагӣ дорад. Чи тавре, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Бояд таъкид намуд, ки мубориза бо коррупсия вазифаи танҳо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Аҳли ҷомеа низ набояд аз ин мубориза дар канор бошад». Ҳамзамон Паёми Пешвои муаззами миллати беозор ва саросар осори тоҷик ба зиммаи роҳбарони ҳама мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иҷроиши ваколату ӯҳдадориҳои муайянеро дар доираи салоҳияти худ вогузор намудааст.

Бешубҳа мубориза алайҳи коррупсия як муборизаи тулонӣ ва маҷмуӣ буда, самаранок гузаронидани он ба амалӣ сохтани як қатор чорабиниҳо вобаста аст. Барои ин қабл аз ҳама, таҳият стратегияи зиддикоррупсионӣ зарур буд. Бо мақсади амалӣ гаштани идомаи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда бо ташабуси бевоситаи сарвари давлат Барномаи «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1504 аз 30 августи соли 2013тасдиқ шудааст. Барномаи мазкур ҳамаи вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони мансабдорро вазифадор намудааст, ки ҳар кадом дар доираи нақшаи таҳиягардида ва салоҳияти худ корро дар самти пешгирӣ, чораҳои фаҳмондадиҳӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои пайдокунандаи коррупсия ва ба он мусоидаткунанда ҷоннок намоянд.

Ҳамзамон қобили қайд аст, ки дар боби 38 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмури Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба коррупсия дарҷ гардидаанд, он ҳам бошад 20 моддаро дар бар мегирад, аз 24 феврали соли 2017 тағйрот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд ва як моддаи дигар илова карда шуд 6631 , ки он ҷавобгариро барои иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи онҳоро пешбинӣ менамояд, он ҳам бошад бо ташабуссӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Инчунин қобили зикр аст, ки дар Кодекси мазкур моддаи 661 пешбини шудааст, ки он ҷавобгариро барои сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷумла бо мақсадҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва мақсадҳои дигари ғайрихизматӣ истифода намудани биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлати, ки барои иҷрои вазифаҳои давлати вобаста карда шудаанд, пешбин менамоянд. Ҳамаи ин чорабиниҳо ба мисли таъсиси мақомоти нав, қабул ва татбиқи қонунҳо, муборизаи беамон бар зидди коррупсия фақат бо мақсади пешгирӣ ва решакан намудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқи њар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волоияти қонун равона карда шудааст, на ин ки маҳкум кардан аз озодӣ, азобу шиканҷа ва ё ҷазоҳои дигар доштан ба ин ё он фарди қонуншикан. Мақсади асосии мо иборат аз муборизаи беамон бар зидди коррупсия фақат бо мақсади пешгирӣ ва решакан намудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа, пешрафти ҷомеа, ки дар якҷоягӣ кирдорҳои коррупсиониро пешгири намоем, ҳама дастаҷамъона саъю кушиш ба харҷ диҳем, ки Қонунҳои давлати соҳибистиқлоламон поймол нашавад, ҳамзамон дар тафаккури мардум таъсири манфӣ нарасад. Тамоми ин талаботҳо ва таклифҳое, ки иброз намудем, танҳо ба як хотир аст, ки сазовори он боварӣ ва умеду мароми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллати беозор ва саросари осори тоҷик, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди Тоҷикистон шавем, вазифаҳои дар наздамон истодаро ба хусус пешгирии коррупсия ва омилтараф намудани онро бо сарбаланди иҷро намоем, обуру ва эътибори халқу миллатро дар ҷомеъа баланд бардорем, мутахассисони соҳибкасб ва баландмартаба омода намоем.

Сафарзода Сиёвуш Сафарали, Нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, лейтинанти калони адлия

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.