РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР САМТИ ЗАМИН ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶА

Кӯшониён: Вохӯрии намояндаи прокуратураи Генералӣ бо фаъолони ноҳия

Имрӯз 5 июни соли 2023, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, муовини сардори Раёсати назорати қонунгузорӣ дар самти замини Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматов Искандар Шукруллоевич, прокурори ноҳия Фозилзода Амирулло ва бо иштироки муовинони раиси ноҳия, сардорони шуъбаю раёсатҳо, раисони ҷамоатҳо, кормандони заминсози ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои хурду калони ноҳия вохурӣ доир гардид.

Сараввал раиси ноҳия ташрифи меҳмони гиромиро ба ноҳия хаймақдам гуфта, мақсад аз баргузории вохуриро ибрози ақида намуданд. Сипас, сухан ба муовини сардори Раёсати назорати қонунгузорӣ дар самти замини Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматов Искандар дода шуд. Мавсуф дар баромади худ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 27 апрели соли равон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд ёдрас гардида, вобаста ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, пешгирии ғасбӣ замин ва пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва таъмин намудани волоияти қонун андешаронӣ намуданд. Қайд гардид бо дастгириҳои Президенти мамлакат дар даврони соҳибистиқлоли якчанд марҳилаи тақсимоти заминҳои ёрирасон ва наздиҳавлигӣ гузаронида шудаанд, ки ҳамаи он барои некуаҳолии мардум равона гардида буданд. Имрӯзҳо, бояд ба қадри ин дастгириҳо расида, ҳар як ваҷаби заминро самаранок истифода намуда, заминро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошт, зеро ки замин боигарии давлат аст. Ҳамзамон, дар рафти баромади худ вобаста ба камбудию норасоиҳо дар самти тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи талаботҳои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатгузорӣ, маърифати пасти ҳуқуқии хоҷагидорон ва дигар шахсони масъул қайд гардида, дастур дода шуд, ки нақша чорабиниҳо таҳия гардида, камбудиҳо бартараф гарданд. Инчунин минбаъд ҷиҳати роҳ надодан ба камбудиву норасоиҳо, ба кор мутахассисони пуртаҷриба ҷалб гарданд.

3_127.jpg 1_24.jpg 5_86.jpg 6_68.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.