ЯКЕ АЗ БАДКИРДОРТАРИН ХИСЛАТ ИН ХИЁНАТ БА ВАТАН АСТ

     ВОКУНИШ:Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Хиёнат амали бешарафӣ ва нобахшиданист Солиёни дуру дароз аст, ки бадхоҳону душманони давлати Тоҷикистонро, сулҳу амонӣ, тинҷиву якпорчагӣ ва ободшавии кишвари маҳбуб безобита кардааст ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин неъмати атонамудаи Худовандро аз миллати тоҷик бигиранду тинҷиву амониро барҳам зананд ва бо иғвову дасисаҳо, бо зӯри силоҳу бо ҷангу куштор ба сари ҳокимият биёянд. Ҳамватанони азиз, мардуми бофарҳангу бомаданияти тоҷик, мо ҳама фарзандони як ватан ва шаҳрвандони як давлат ҳастем, шукрона кунем, ки имрӯз мо чунин Ватани тинҷу осуда дорем. Дӯст доштани Ватан аз меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан сарчашма мегирад. Мо мардуми ин Ватан бояд, дар пайи ободияш бикӯшему пойдории тинҷиву оромиро пешаи худ қарор диҳем, на ин ки бо ҳар гуна баҳона осоиштагии мардумро халалдор созему мардумро ба роҳгумӣ барем. Имрӯзҳо бешубҳа, дар сомонаҳои иҷтимоӣ навору паёмҳое, ки диққати истифодабарандагони интернетро ба худ ҷалб мекунанд, кам нестанд. Дар байни ин паёмҳо ҳастанд наворҳое, ки инсонро ба ваҷд меоранд ва бисёриҳо фирефтаи дурӯғу дасисаҳои беасоси онҳо мегарданд. Имрӯз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намоянд, номи тоҷикони кӯҳанбунёдро бад кунанад мубориза мебарем ва фирефтаи дасисаҳои хиёнаткорони миллат намешавем. Ҷомеаи ҷаҳониро солҳои охир авҷ гирифтани зуҳуротҳои нав ба монанди экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Экстремизм ҷинояте мебошанд, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат равона карда шудааст. Экстремизм тамоюл ба зўроварии хусусияти сиёсидоштаро дорад. Инчунин, он барои амалӣ гардонидани сиёсат оид ба бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карда мешавад. Ба зуҳуроти экстремизм, инчунин, даъват барои мунтазам вайрон кардани ҳуқуқи инсон, фарқгузории одамон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубиятии онҳо ба ягон миллат ё нажод мансуб аст. Дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд. Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, ҳатари калони ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамояд. Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои ҳусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳадамоти маҳсусро тақозо менамояд. Таҳдиди терроризм ва экстремизм дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин нисбати объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зўроварӣ интихоб мекунанд, имрўзҳо на танҳо чун ҷинояти доҳилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте дониста мешавад, ки дар маҷмўъ метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зиён оварад. Мувофиқи моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Ҳакимзода Миҷгона – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён.

 

Миёна: 4 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.