Имрӯз 21 августи соли 2023, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид ва роҳбарияти ноҳия аз намоиши кишоварзони Ҷамоат ва пахтазори Иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия дидан намуда, дар якҷоягӣ бо саҳмдорони хоҷагӣ ва пирони рӯзгордида ба ғунучинӣ пахта ҳусни оғоз бахшиданд. Бояд қайд намуд, ки ҶДММ Иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин” дар майдони 120 гектар замин, пахтаи хушсифат парвариш кардааст, ки нашъунамои хуб дорад. Раиси вилоят ба роҳбари иттиҳодияи аграрӣ Фирдавс Валиев барои коркард ва парвариши хуби пахта баҳои баланд дода, дар ғунучинӣ пахта ва гирифтани ҳосили баланд барору комёбиҳо таманно намуданд. Ҳамзамон ба гурӯҳи бонувони пахтачин ва чанде аз пирони деҳа, раиси вилоят туҳфаҳои арзишманд ҳадя намуданд. Саҳмдорон ва кормандони ин иттиҳодияи аграрӣ аз техника ва технологияи муосири кишоварзӣ истифода мебаранд ва бо тамоми шароитҳои корӣ таъмин буда, бо музди меҳнат таъмин мебошанд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён