ВОКУНИШ: Ҷомеаи кунунӣ инсоният бо хатари ҷиддие, ки бақои одаму оламро таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, андешаи бархе аз коршиносони соҳа беасос нест, ки мегӯянд: “терроризм падидаест, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих мавҷудияташ ҳамроҳӣ намудааст”. Пояҳои терорризм, дарвоқеъ, хеле амиқ буда, тухми иҷтимоии он ба асосу решаҳои ғоявӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ҷаҳонбиниву маърифатии он иртиботи қавӣ дорад. Касе гуфта наметавонад, ки аввалин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва ба кадом мақсад рӯи кор омадааст. Аз аҳди қадим то имрӯз терроризм дар миёни пайравони динҳои яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ, сикҳ, ҳамфикрони алоҳида ва дигар гурӯҳҳои муташаккили сиёсӣ, мазҳабӣ вуҷуд доштааст, ки намояндагони он ба воситаи эљоди тарсу даҳшатафканӣ ё худ тавассути рехтани хуни дигарон мехостанд ба мақсадҳои нопоки худ расида бошанд. Дар ин давраҳо дар манотиқи мухталифи дунё амалиёти террористӣ боиси кушта шудани теъдоди бешумори одамон ва нобуду нопайдо шудани қавму миллатҳои зиёд гардидааст. Ба қавли олимони соҳа дар охирҳои асри IXX ва ибтидои асри XX амалиёти террористӣ бештар ҷанбаи карикатураи сиёсӣ дошта, вале рафта-рафта доираи фаъолияташро хеле васеъ кардаастю. Инҷо ёдовар шудани ҳодисаҳои даҳшатовари дар манотиқи гуногуни олам рухдода зарурат надорад, зеро шунидани садои шум ва зуҳури қадами оламсӯзи террористу ифротгар аз кӯдаки дар гаҳворабуда саркарда то пири барҷомондаро маҳзуну нороҳат мегардонад ва ҳама бо таассуфу надомат лаънат ба ин ноодамон мехонанд. Аз ҳодисоти дар манотиқи бузургу кучак амалӣ гардида, бори дигар ба ҷаҳониён ба таври возеҳ маълум гардид, ки дар зиндагии имрӯза ҳеҷ кас, на давлатҳои абарқудрат ва на давлатҳои дигар, худро аз дасти ин хиёнаткорон эмин ҳис карда наметавонад.
Гулова Сафаргул - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён.