ВОКУНИШ: Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки мақсад ва мароми ташкилоти экстремистӣ терористии ҲНИ баёнгари мутаассибу ифротӣ буда, як навъ беморӣ мебошад, ки бемории онҳо нафрат, ҳасуд ном дорад ва табобатшаванда нест, агар табобашаванда мебуд, баъди хунрезиҳое, ки соли 1992 сари миллати тоҷик оварданд виҷдонашон азоб медоду аз чунин амалҳо даст мекашиданд. Вале мутаассифона алакай чунин рафтори ғайриинсонӣ дар хуну рагҳои онҳо ҷой гирифтааст. Аслан ин ташкилот бо роҳбарии фарди ифротӣ ва хиёнатпеша М. Кабирӣ барои бароварда кардани манфиатҳои шахсиву хоҷагони хориҷиаш бо душманони миллат ҳамкорӣ мекунад. Агар ба фаъолияти сиёсии ӯ нигарем, ба осони пай мебарем, ки яке аз ҳадафҳои ӯ ба доми худ кашидан, шиамазҳаб ва дур кардан аз дини мубини ислом мебошад. Имрӯзҳо ҳамаи мову шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем, ки М. Кабирӣ бо дуруғу буҳтонҳои худ худро ҳамчун ғамхори миллат муаррифӣ карда, бештар ба мушкилоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар мекунад. Бо ин фитнаву дасисаҳои худ ҷойгоҳи аздастрафтаи худро мехоҳан дигарбора ба даст оранд. Имрӯзҳо вазъи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар яки мо ҳушёриву зиракиро тақозо карда, хостори худшиносу худогоҳ будани мо аст. Гурӯҳҳои терористӣ, экстримистию ифротагаро ба мисли ҲНИ бо ҳар роҳу васила мехоҳанд шаҳрвандони моро пойбанди андешаҳои носолим ва иғвоангези худ карда низоъҳои байнидавлатию байнимазҳабӣ ва ҷиноятҳои муташаккилонаро ривоҷ диҳанд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳуриро зарур аст, ки худшиносу худогоҳ бошанд ва шукронаи тинҷиву оромӣ карда бо ҳисси баланди худшиносӣ ва номуси миллӣ баҳри бозҳам ободу зебо гардонидани ватани азизи хеш талош варзида, баҳри пойдор будани Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба талош намоянд.
Вализода Бобоҷон, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён