ВОКУНИШ: Терроризму экстремизм, хусусан дар якчанд даҳсолаи асри 20 ва ибтидои асри 21 хеле вусъат ёфтааст. Дар ин солҳо харакатҳои ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои тундрав хеле фаъол гаштаанд. Яке аз хусусиятҳои манфии ин созмонҳои ифротӣ дар он мебошад, ки онҳо шиорҳои диниро истифода бурда, аз номи дини мубини Ислом баромад мекунанд. Мафҳумҳои терроризму экстремизм дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Экстремизми миллатгароӣ ғояҳои радикалӣ, таҳаммулнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гурӯҳҳои этникии миллатҳо, гурӯҳҳои нажодӣ, кўшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид терроризм зидди мардуми гурўҳҳои дигари этникӣ мебошанд. Имрўз мутаассифона, дар ҷаҳон ҳар террореро, ки террористон анҷом медиҳанд ва ҳар кори зидди башариро, ки тарҳрезӣ мекунанд, ба номи ислом рабт медиҳанд. Душманони ислом бо ин рафторашон мехоҳанд номи поки исломро доғдор кунанд, аммо чуноне, ки Пешвои миллатамон дар Паёми худ баён кард: «Ислом дини муқаддас аст, ҳадафу мақсадаш сулҳу осоиштагӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад. Террорист дин, Ватан, модар надошта барои ў муқаддасоте вуҷуд надорад». Ҳамроҳ сохтани дин ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм, ҳизбҳо, ҷунбишу ҳаракатҳо ва аз ҷумла ба сиёсат қобили қабул нест, чунки баъзе аз ҳизбҳо ва гурӯҳҳои манфиатдори ифротгаро на танҳо аз номи худ гап зада амал мекунанд, балки исломро ба онҳо олуда сохтаанд. Вале ислом барои ин нест. Балки дин барои тавбаю тазарруъ, зикр кардан, бахшиш хостан аз гуноҳон аст. Ҳар мамлакат соҳиби сиёсати давлатии хеш аст. Пайдо гаштани ҳаракату равияҳои тундрави терористиву экстремистӣ, ки ҳар яке исбот кардан мехоҳанд, ки танҳо онҳо ҳақанд ва беҳтару хубтаранд, ин асбоби ҷудоӣ андохтан, низоъ хезондан байни мусулмонон шуда метавонанд. Бехабар аз он, ки ҳама назди Худо рост меистанду бахшиши гуноҳ мепурсанд. Чун имрӯзҳо ба чашм мерасад, ки гиребони якдигар мегиранду байни ҳам душманӣ меварзанд. Бинед, ки агар ягон масъала дар як мазҳаб роҳи ҳаллашро наёфт, ба мазҳаби дигар рӯ оварда онҳоро ҳал мекунанд. Пас як мазҳаб дигареро дар ҳолатҳои зарурӣ пурра мегардонад. Ин аст, ки бузургон аз мазҳаб сохтанашон бо дилу нияти соф ва ба хайрхоҳӣ далолат мекарданд. Одобро тоҷи сари мардон гуфтаанд, ки беҳуда нест. Тасаввур кунед, ки пеш аз ба назди як бандаи хокӣ-сардор ва роҳбаратон даромадан, чӣ қадар сару либоси худро ба тартиб медароред, Сухан боодобона мегӯед, то танбеҳ нагиреду носазо нашунавед. Пас ҳама беодобиҳову ифротгариҳо дар дин ҳам хатост. Имрӯз ҷомеаи мусулмон пур аз ифрот, тафриқот ва ихтилоф гаштааст, ки манша аз амалкарди даъваткунандагоне мегирад, ки бо номи ислом мусулмононро бо ҳамдигар гумроҳ сохта, душманӣ меандозанд. Пайдо гаштани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо аз ҷумла терроризм, экстремизм, фаъолият бурданашон дар ҷомеаи исломӣ ба он сабаб мегардад, ки байни мусулмонон гуногунандешӣ зуҳур мекунад ва боиси парокандагиву қафомондагӣ, сар задани ихтилофи мазҳабӣ дар охир ба ҷангу хунрезиҳо ба монанди Ироқу Сурия мегарданд, ки бори нек ба бор намеорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр суханрониҳояшон гуфтаанд: "Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст". Падидаҳои номатлубе, ки берун аз маркази ватани мо аз қабили терроризм ва экстремизм таҳдид менамояд, вабои аср буда, хеҷ гоҳ ақидаи мо ҷавонони ватандӯсту меҳанпарастро заҳролуд карда наметаванад, зеро мо соҳиби Ватани азиз, фарҳанги воло ва таърихи куҳанро доро ҳастем. Хулоса, ба ғайр аз он ки омӯзгорон ва падару модарон оид ба хатари терроризм ва ифротгароӣ ба ҷавонону наврасон фаҳмондадиҳӣ намуда, онҳоро баҳри ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намоянд, калонсолонро мебояд, ки ҷавононро аз ҷиҳати касбу кор, рӯҳию маънавӣ ва дигар ҷиҳатҳое, ки ба ояндаи ҷавонон мусоидат менамояд, дастгирӣ намоянд.
Гулова Сафаргул - мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён