КӮШОНИЁН:НАТИҶАГИРИИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДИЁТУ ИҶТИМОИЁТИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ НОҲИЯ, ДАР 9 МОҲИ СОЛИ 2023

     Санаи 6 октябри соли 2023, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, таҳти раёсати раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод ва бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолон маҷлиси ҷамъбастӣ тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоёти хоҷагии халқи ноҳия дар 9 моҳи соли 2023 баргузор гардид. Сараввал раиси ноҳия меҳмони гиромиро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, ба аз муайян намудани тартиби баргузории ҷаласа суханро барои пешниҳоди ҳисоботи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия вогузор намуданд. Дар ҳисоботи соҳаи кишоварзии ноҳия қайд гардид, ки соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода намуда, ба як қатор дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидаанд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия афзуда, 1 миллиарду 624 миллиону 914 ҳазору 500 сомониро ташкил намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 68 миллиону 014 ҳазору 900 сомонӣ зиёд буда, 104,4 фоизро ташкил менамояд. Дар 9 моҳи соли 2023, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 28 ҳазору 261,7 тонна ғалладонагиҳо, 19 ҳазору 226 тонна картошка, 126 ҳазору 141 тонна сабзавот, 12 ҳазору 853 тонна полезӣ, 14 ҳазору 913 тонна меваҷот ва 4 ҳазору 953 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳамаи номгуи маҳсулотҳо зиёд истеҳсол гардидааст. Вобаста ба соҳаи иқтисод ва саноат ҳисобот дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба буҷетӣ маҳаллӣ 49 миллиону 887 ҳазору 349 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 963 ҳазору 400 сомонӣ зиёд буда, 102 фоизи нақшаи муайяншударо ташкил менамояд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта бошад, 3 миллиону 580 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон, дар ноҳия 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 158,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ҳисоботи худ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаҳои сохтмон, энергетика ва комуналӣ Қаҳҳорзода Нурмаҳмад қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами АП- 174 аз 15 марти соли 2022, оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 252 адад иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 октябри соли 2023-юм 73 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ҳисоботи ҷамъбастии соҳаи иҷтимоиёт қайд гардид, ки дар ноҳия 60 муассисаи таълимӣ ва 9 адад муассисаҳои томактабӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 59 ҳазору 502 нафар хонандагон таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 2709 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Дар назди 39 муассисаи таълимӣ 41 адад Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дар самти фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мусоидат менамояд. Сатҳу сифати таълим солҳои охир беҳтар гардида, аз натиҷаи 9 моҳи сипари гардида бармеояд, ки сифати таҳсилот 59 фоиз буда, азхудкунии барномаҳои таълимӣ 100 фоизро дар бар мегирад. Дар “Квотаи Президентӣ ” аз ноҳия 103 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифта аз рӯи 22 ихтисос роҳ ёфтанд. Аз шумораи умумии 2737 нафар хатмкунандагон, 2020 нафарашон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, ки 73,8 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, дар даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 223 медал ба даст оварданд, ки нисбати соли гузашта 114 медал зиёд мебошад. Дар даври ҷумҳуриявӣ бошад, 57 адад ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Вобаста ба соҳаи идеологӣ қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи бахшу шӯъбаҳои идеологӣ дар маҷмӯъ 420 маротиба сӯҳбату вохӯриҳо, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии фаъолона иштирок намуда, 162 адад медал ба даст овардаанд, ки аз ин 68 медали тилло, 51 медали нуқра ва 43 медали биринҷӣ мебошад. Баъд аз пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо сухан ба Сафарзода Дилшод намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Дар суханронии худ Сафарзода Дилшод тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро таҳлил намуда, баҳри ислоҳи камбудию норасоиҳо, иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, иҷроиши Барномаҳои давлатӣ, расидан ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

1_26.jpg 2_120.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.