"СОҲИБКОРӢ МУҲАРРИКИ ИҚТИСОДЁТ"
Соҳибкорони муҳтарам!
Ҳамдиёрони азиз!
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 14 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи соҳибкорон» бо тантана таҷлил мегардад. Ҷашн гирифтани «Рӯзи соҳибкорон» дар мамлакат иқдоми саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътирофи хизматҳои шоёни соҳибкорон дар ҷодаи ободониву созандагӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушди фаъолияти соҳибкорӣ кафили устувории иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳамзамон ба баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, инчунин фароҳам сохтани шароит барои ҳаёти шоистаи аҳолии мамлакат мусоидат менамояд. Соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия баҳри амалӣ намудани ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат содиқона хизмат карда, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолият баҳри ободонии ноҳия садҳо адад иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои хурду миёна, марказҳи хизматрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ бо муҳайё намудани садҳо ҷойҳои нави корӣ сохта мавриди истифода қарор доданд ва ин раванд пайгирона идома дорад, ки шоистаи таҳсину офарин аст. Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, дар маркази сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории ба соҳаи истеҳсолот равонагардида таваҷҷуҳи хос ва дар баробари сабукиҳои зиёд пайваста ғамхорӣ зоҳир мешавад. Тибқи маълумоти нозироти андози ноҳия тариқи "Равзанаи ягона" дар миқёси ноҳия 3628 адад субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст. Айни замон дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 158 миллиону 400 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ карда истодааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб зиёд мебошад. Ин тадбир боиси он шуда, ки давоми солҳои охир дар ноҳияи Кӯшониён ҳавасмандии соҳибкорон ба бунёди корхонаҳои саноатӣ бештар гардида, шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ афзуда истодааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, дар роҳи амалӣ кардани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо такя ба шумо, бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 252 иншооти таъйиноташон гуногунро ба нақша гирифта, соли равон дар арафаи ҷашнҳои умумимилӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, 26-солагии Ваҳдати миллӣ, 32-солагии Истиқлолият сохтмони 44 иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бунёду навсозии иншооти боқимонда бо маром идома дорад. Пешвои муаззами миллат зимни сафарҳо ба ноҳия, дар маросими ба истифода додани чандин иншоот иштирок намуда, бо арзи сипос самараи заҳмати ватандӯстонаи соҳибкорони ноҳияро, дар бунёди иншооти бешумор намунаи ибрат барои дигарон донистанд, ки боиси ифтихору сарфарозии соҳибкорон ва сокинони ноҳия мебошад. Маврид ба зикр аст, ки бо бунёди иншооти ҳаётан муҳим аз ҷониби Шумо бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинони ноҳия осон гардида, барои кору фаъолият ва зиндагии аҳолӣ шароит беҳтар мешавад ва ин боис ба баланд гардидани мартабаву маҳбубияти Шумо, афзудани эҳтирому самимияти сокинони ноҳия нисбат ба шумо-соҳибкорони азиз гардидааст. Ба мардуми ноҳия ва фарзандони бонангу номус соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия барои иқдомҳои ватандӯстона дар ҷодаи ободонии диёр арзу сипосу эҳтиром изҳор дошта, ба муносибати “Рӯзи соҳибкорон” табрику таҳният мегӯям. Ба хонадони ҳар яки Шумо ободӣ, иқболу комронӣ ва дар ҷодаи фаъолияти касбӣ ва корҳои ободкориву созандагӣ муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Рӯзи соҳибкорон муборак!