Хатари воқеӣ ва мушаххаси тафаккури ифротӣ ба ҳар як нафари мо дар чист?

     ВОКУНИШ: Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ карор додаанд. Истифодаи қудратҳои минатқавӣ ва ҷаҳонӣ аз ин гурӯҳҳо барои расидан ба мақсадҳои худ, миқёси хатари онҳоро даҳчанд зиёд менамояд. Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ мондани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурустии мубориза бо ин хатарро бигирад. Хушбахтона, дар солҳои охир мақомоти сиёсиву қудратии кишвар, ташкилотҳои диниву ҷамъиятӣ ва ғайра бо дарки ин хатари маргбор барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо талошҳои ҷиддиро ба роҳ мондаанд. Омӯзиши раванди коргузорӣ дар ин самт нишон медихад, ки агар равиши таблиғу ташвиқот дар ин масъала такмил ёфта, моҳияту хатари ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба мардум ба таври боз ҳам мушаххастару соддатар фаҳмонида шаванд, ин кӯшишҳои давлат ва ҷомеа натиҷаи дучанд хоҳанд дошт. Яъне, худи сода намудани баён ва ба таври возеҳ бозкушоӣ кардани моҳияту хатари ин гурӯҳҳо барои мардум яке аз вазифаҳои бисёр муҳим дар мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм мебошад. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 ба тавсиб расид, маҳз хамин заруриятро дар назар гирифта, моҳияти хатари гурӯҳҳои ифротиро қадам ба қадам бозкушоӣ намуда, ҳамзамон ба як силсила масъалаҳои мураккаби назариявӣ ва амалии ин самт посухи соддаву мушаххас медиҳад. Мақсади асосии стратегияи мазкур огоҳ ва хушдор сохтани мардум аз хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ мебошад. Яъне, ҳар шаҳрванд бояд дақиқан бидонад, ки ин зуҳурот ба ватану миллати ӯ, ба фарҳангу боварҳои ӯ, ба зиндагии осоиштаи ӯ, ба ҳаёти худи ӯ, ба модару хохар ва зану фарзанди ӯ, ба хонаву молу мулки ӯ, ба манфиати шахсии ӯ... чӣ хатарҳои зиёде дорад. Маҳз чунин дарки бевосита ва ҳисси манфиати хатари гурӯҳҳои ифротӣ метавонад зеҳни оммаи мардум ва мавқеи ҳар як шаҳрвандро дар муқобили ин зуҳурот омода намояд. Маҳз чунин дарки яқинии ҳамагон метавонад заминаи сафарбаркунии тамоми зарфиятҳо, имкониятҳо, манфиатҳо, андешаҳо ва инсонҳоро дар муқобили экстремизм ва терроризм фароҳам оварад. Сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа арзишҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои ахлоқии умумибашарӣ, дараҷаи рушди низоми ҳуқуқиро дар ҷомеа боло бардорем. Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоем.

Бобомуродов Манучеҳр - мудири шуъбаи молия, сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.