ХОИНОНИ МИЛЛАТ!

    Вокуниш: Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои осоиштаи кишвари моро халалдор намояд. Аз хориҷи истода тақдири тоҷиконро ҳал кардани мешаванд, ин тоифаи нотавонбин. Тарики телевизионҳои моҳвораги ба шабакаҳои интернети онҳо ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурӣ ва ҳукумати кишварро, ки ба таъмини сулҳу суббот ва пешрафту тараққиёти мамлакат равона карда шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мехоҳанд бо воситаи ашхоси каҷтинату кинавар аз ҷумла, баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳу фиребанд ва онҳоро ба муқобили Ватану миллати худ барангезанд. Мо хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90– уми асри гузашта чигуна шиорҳо, кадом ояту ҳадис бо тавсиру таҳлилҳои бардуруғу ноқис ба мардум расонида мешуданд. Шиорҳои иғвобунёди«Озодӣ!»,«Истеъфо!», «Аз хоби гарон хез!» ва дигар шиорҳо дар якҷояги бо аҳкоми дини пешкаши одамон мешуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби ҲНИ таҳриркориҳои зиёде амали мегардиданд. Ҳақиқат хоҳ но хоҳ ошкор мегарданд. Мардуми сулҳ парасти тоҷик ниҳоят аз асли матлаби наҳзатиён зери косаи нимкосаи онҳо огаҳи дарёфтанд ва ба ин гуруҳи хиёнатпеша нафрат хонданду аз он руй гардониданд. Имруз мо аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои бо номи Ислом алоқаманд, ки динро фақат барои фирефтаан ва гумроҳ намудани халқ истифода мебаранд, бояд чиддан эҳтиёткор бошем. Имруз моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дустон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозиҳои наҳзатиён ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва баъзе одамони дуруя ва хоинони миллат «М. Кабири, М. Икболак, Х. Покров, Салмон» ва пайравони онҳо огоҳ созем. Сулҳи тоҷикон муфту осон ба даст наомадааст ва аз ин ру ҳамагон бояд тамоми кушишро ба харҷ диҳем, то парчами сулҳамон ҷовидону ҷилвагар бимонад. Халқи шарафманду сарбаланди тоҷик бо раҳнамоиву ҳидоятгариҳои хирадмандонаи фарзанди асилу садоқатпешаи худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста пеш меравад, ба комёбиҳои тоза ба тоза шарафёб мешавад ва дар ҷомеаи ҷаҳони мавқеи шоиста ишғол мекунад.

Бозоров Баҳром- мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.