КОНСТИТУТСИЯ-ФУРӮЗОНГАРИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ КИШВАР

    АНДЕША: Истилоҳи лотинии конститутсия, ки ифодагари маҷмӯи қонунҳои асосист, дорои таърихи тӯлонист. Дар аксар луғатномаҳо ин истилоҳ чунин ташреҳ ёфтааст: «қонуни асосии давлат, ки сохти ҷамъиятӣ ва давлатии он, системаи интихобот, сохтори ташкилӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандонро муқаррар мекунад». Яъне, асоси ҳар як давлатро конститутсияи он ташкил медиҳад ва ба ибораи дигар, конститутсия шоҳсутуни кохи миллат мебошад. Конститутсия чун шиносномаи миллату давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона ба расмият даровард ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Вай ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Конститутсия муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дарвоқеъ, рӯзгорони инсонҳо пуршебу фароз, пургиреҳ ва омехта ба азму талошҳои фаровон аст. Одамон дар раванди истеҳсолот, дар муносибатҳои мухталифи байни ҳамдигар, дар муоширату ҳамкорӣ ба омилҳои зиёде дучор меоянд ва аксаран ин ҳолат барои онҳо мушкилоти фаровон эҷод менамояд. Неруи тавоное, ки дар зиндагӣ инсонҳоро мададгор мешавад, фаъолияташонро ба низом медарорад, уқдаҳои мушкилотро во месозад, маҳз маҷмӯи қонунҳост. Таълифи қонун ва муайяннамоии чаҳорчӯбаи аъмоли шоиста таърихи дерин дорад, таърихе, ки решаҳои он аз қаъри асрҳо об мехӯрад. Тадқиқотҳою омӯзишҳо бар он далеланд, ки кулли давлатҳои дунё соҳиби қонуни асосӣ ҳастанд ва мазмуну моҳият ва муҳтавою ҳадафашон низ ба ҳам сахт шабоҳат доранд. Қисматҳо ва вазифаҳои муҳими конститутсияро ба таври мухтасар ин гуна метавон тақсимбандӣ кард: 1. Тамоми аркони давлат бояд тибқи нишондодҳои Қонуни асосӣ фаъолият намоянд; 2. Кулли қавонини дигар бояд дар заминаи Конститутсия таҳия ва мавриди истифода қарор бигиранд; 3. Конститутсия бояд такягоҳи асосии давлату ҳукумат бошад ва ҳама мақомоти мавҷуда фаъолияти хешро мувофиқ ба он ба роҳ монанд; 4. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, амният ва ваҳдати миллиро таъмин мекунад. Дар раддабандии мазкур мо танҳо ҷанбаҳои асосии волоияти Конститутсияро дарҷ намудем. Дар давоми солҳои амали Конститутсия дар мамлакат бештар аз 1000 қонун дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳияю қабул шуданд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Конститутсия таъкид дошта, ки «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ мекунад».

Гулова Сафаргул – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.