НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН

    АНДЕША: Дар ин раванд аҳамияти омўзиши таърихи Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят калон ва пуршараф мебошад. Иҷлосияи 16 ҳукумати сифатан наверо рўйи кор овард. Ҳукумате, ки таъсис ёфт, ҳукумати ҳақиқатан миллӣ, мардумӣ ва демократӣ аст. Бо вуҷуди душвориҳо ва мухолифатҳои бешумор ин ҳукумат миллати тоҷикро аз муқовимати сиёсӣ ва ҷанг расонид. Сулҳ овард, сулҳе, ки кишварро обод кард, халқро сарбаланд сохт. Сулҳе, ки онро тамоми ҷаҳон дид ва мавриди омӯзишу қобили ибрат донист. Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ роҳро барои сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣкушод Ҳамагӣ як моҳ пас кулли ҳамватанон ҷашни бузурги миллат, 31-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тақдирсоз ном гирифтааст, тантана хоҳем кард. Беҳуда тақдирсоз намегӯянд. Зеро, он дар ҳақиқат ҳам пеши роҳи нобудшавии халқу миллатро гирифта, сохторҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро аз нав эҳё кард. Раванди ислоҳоти конститутсиониро оғоз намуда, ба ваҳдати воқеии миллӣ асос гузошт. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун яке аз рамзҳои асосии давлат тасдиқ намуд. Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвори миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 таъкид месозанд: «Иҷлосияи таърихии Шўрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард». Хулосаи мазкур дар Паёмҳои солҳои 2000-2021 ҳам алоҳида мазмунан қайд карда шудааст. Ҳамаи ин комёбиҳо натиҷаи дар амал татбиқ намудани роҳи хирадмандонаву оқилона, интихоб кардани вакилони Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонва сиёсати минбаъдаи давлатдорӣ аст. Дар барои аҳамияти Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонқайд карда буданд: «Хурсандибахш аст, ин мақсад дар муддати кўтоҳ то андозае амалӣ гаштва оташи ҷанги хонумонсўз хомўш кардашуд».

Ҳакимзода Миҷгона – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.