ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, ба муносибати “Рӯзи Президент”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷонфидо, дар роҳи паймон кардааст,

Сад биёбонро гулистон кардааст!

Сарзамини пора пора гаштаро,

Ҷамъ карда,Тоҷикистон кардааст!

 

Ҳамдиёрони азиз!

Мо фараҳманд аз он ҳастем, ки имрӯз ҳамчун миллати давлатдор дар фазои соҳибистиқлолӣ ва амну суботи кишвар ҳамчун инсонҳои хушбахт ҷашнҳои таърихии худро таҷлил мекунем. Ба ҳам рост омадани ҷашнҳои 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи Президент”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он далолат мекунад, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд, ки раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд.Ба ин муносибат ҳамаи Шумо, ҳозирини арҷманд ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи ноҳияро табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва сарбаландию барори кор таманно дорам.

Санаи 15 апрели соли 2016 Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои Ид” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун “Рӯзи Президент”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Инак, мо дар ҷараёни тантанаи ҷашни “Рӯзи Президент” қарор дорем.Санаи 16 ноябри соли 1994, ҳамчун рӯзи нахустин маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди мустақим дорад ва рақами 16 барои тоҷикон боз ҳам дорои аҳамияти дигари таърихист. Сиву як сол муқаддам, 16 ноябри соли 1992, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти барои халқу Ватани мо ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз баргузор гашта, дар он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

      Шукри иқболи баланд, ки Офаридагор Пешвои миллатро ба рӯйи курсии давлатдорӣ нишонд. Нахустин сухани Пешвои миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон : “Ман ба шумо сулҳ меорам”, то ҷаҳон боқист, дар гӯши оламиён садо медиҳад.Чун Тоҷикистони азиз қадамҳои нахустинро дар ҷодаи истиқлолият мегузошт ва дар он давр тавоноии сиёсиву мудофиавии иқтисодию иҷтимоии давлат фалаҷ гардидаву қавӣ набуд, танҳо иродаи матин ва садоқати ватандӯстии Пешвои муаззами миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иттиҳоду ҳамбастагии халқи Тоҷикистон буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба сулҳу ваҳдати комил расидем ва зиндагӣ ба маҷрои созанда баргашт. Пешвои муаззами миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо тадбирҳои хирадмандона, матонату ҷасорати фавқулода ва зиракии сиёсии худ кишварро аз панҷаи боди фано раҳо кунанд ва ғурбатзадаҳоро ба ватан баргадонида, хуршеди сулҳу ваҳдат бо ибтикори ин фарзонафарзанди миллат дар осмони Тоҷикистони азиз нурафшонӣ намуд. Эҳтиром, гиромӣ доштан ва дар сатҳи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ таҷлил намудани ин ҷашн аз хизматҳои мондагору ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи меъмори давлати навини тоҷикон асос мегирад. Гиромӣ доштани ин рӯз танҳо як ҷашн нест он, агар аз як тараф арҷгузорӣ ба хидматҳои беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар, нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ, иттиҳоди мардуми кишвар дар атрофи корҳои созандаи Сарвари худ, дарки дурусти барномаҳои роҳбари маҳбуби миллат аз тарафи мардум ва талоши дастаҷамъонаи ҳамаи мо барои амалӣ шудани ин барномаҳост.

    Таҷриба собит намудааст, ки дар шароити имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон нақши роҳбари сиёсӣ барои миллат ва кишварҳо аҳамияти фавқулода дорад. Эътимод ба Роҳбар миллатҳоро бо боварӣ ба сӯи ояндаи дурахшон ва шоиста мебарад, ҷавононро барои таҳсилу фаъолият дилгарм месозад ва ин гуна руҳияи умумӣ суботи иҷтимоиро таъмин месозад. Маълум аст, ки имрӯзҳо, дар баъзе давлатњои кураи сайёра ва минтақа сулҳу субот, амну оромӣ аз байн рафта, халқу миллатҳо дар парешониву парокандагӣ қарор дошта, паи сохтани давлати ягона ва ё эмин доштани пояи давлаташон ҷаҳд карда, ба Пешвое, ё Сарваре ва ё Роҳбаре эҳтиёҷ доранд. Шукргузории бепоёни мо, миллати тољик ва халқҳои Тоҷикистон аст, ки Пешвои ягонаи миллӣ, Сарвари мардумӣ ва Раҳбари хирадмандро бароямон тақдир насиб гардонидааст!  Пешвои муаззами миллати мо сарват ва боигарии асосии миллату давлати мост! Мо ба кору пайкор ва фаъолияти меҳнатӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсии Пешвои муззами миллатамон арҷ ва эҳтиром гузошта, барои ҳифзи Ҳаёт, Ном ва Мақоми Президентамон ҳамеша талош меварзем! Мо ҳамеша пайравони садоқатманди Пешвоямон буда, сиёсати гуногунҷабҳа, хирадмандона ва инсондӯстонаи Роҳбари худро дар амал татбиқ карда, дар сафи Пеш будани Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон таъмин менамоем !

Дар ҳақиқат мо хуб дарк мекунем, ки инсон ба давлати худ танҳо дар сурате манфиатовар шуда метавонад, ки онро воқеан, ҳам бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осоиштаи ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд, Ватанро бо ҳама пастиву баландии рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш дӯст дорад, аз таҷрибаи он сабақ гирад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро назди насли оянда аз ёд набарорад. Бо ҳамин мақсад мо ҳамаи сокинони ноҳияро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини ноҳияи Кӯшониён кору фаъолият менамоем.  Корҳои ободониву созандагиро дар ноњия вусъат бахшида, бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободии Ватани маҳбубамон ва пешрафти давлат, боз ҳам беҳтар гардидани некуаҳволии сокинони ноҳия саҳми ватандӯстонаи худро мегузорем.

Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи Шуморо бо рӯзи пурифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” самимона табрик гуфта, ба Шумоён ва тамоми мардуми ноҳия тандурустӣ, умри дароз, бахту иқболи баланд ва дар корҳои ояндаатон комёбиҳои беназирро орзу намуда, бо садоқатмандӣ ва бо боварӣ иброз менамоям,ки Мо сокинони ноҳияи Кӯшониён аз рӯзҳои аввали таъсисёбии давлати навини тоҷикон бо Пешвои миллат будем, ҳастем ва хоҳем монд !  Дар Рӯзи Президент аз номи 300 ҳазор аҳолии гуногунқишру гуногунмиллати Кӯшониён ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри ҷовидонаи ҳазораи бегазандро орзу карда, барояшон саломатӣ, тансиҳатӣ, хушбахтиҳои бепоёни рӯзгорро таманно менамоем!

Бигзор, ба бахти тамоми халқҳои Тоҷикистон Пешвои муаззами миллатамон ҳамеша сарбаланду саломат бошанд! Бигзор, дар ҳар як оилаи тоҷик мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзандони фарзона ва шоиста ба дунё оянд!

Бигзор, ба ҳар тифли ба дунёомада, бо муҳаббат ва самимият номи Эмомалиро гузоранд !

Бигзор, ҳар ҷавонмарди асили миллат имрӯзу оянда ва дар асрҳои минбаъда қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои Пешвои миллатамонро дар роҳи ободиву нашъунамои Тоҷикистон такрор намуда, дар ҷаҳони муосири мураккаби пуртаҳавулот Ватанро ҳифз карда тавонанд!

Саломатии ҳар яки Шуморо ҳамеша орзу дорем!

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.