Кӯшониён: Тантанаҳои ҷашнӣ “Рӯзи Президент”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз

    Санаи 16 ноябри соли 2023, бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 31-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар майдони хушманзараи Парчам ва Нишони давлатӣ, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони тамоми ташкилоту идораҳои ноҳия, ҷавонону наврасон, собиқадорони меҳнат ва беш аз 3 ҳазор нафар сокинони ноҳия, дар даст расмҳои Пешвои муззами миллат ва шиору овезаҳое, ки ифодакунандаи ватандӯстӣ ва соҳибистиқлолии сокинони сарбаланди ноҳияро ифода менамояд, чорабинии бошукӯҳӣ идона баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ, сараввал раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо сухани табрикотӣ, тамоми иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо мардуми шарафманди ноҳия ва ҷумҳуриро бо ин санаи муққаддас ва таърихӣ шодбош намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо баракати рӯзгор, хотирҷамъи ва ба Ватани азизамон сулҳу суботи комилро таманно намуданд. Қайд намуданд, ки маҳз дар Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта, муқобили ҳамдигар ҷанг мекард, касе роҳбарии кишварро ба ӯҳда гирифта наметавонист. Зеро медонистанд, ки дар шароити ҷанги бародаркуш, роҳбари давлат будан бори сангин мебошад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат тоҷик мушкил ва тақдирсоз Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, бошуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дӯши худ гирифта, дар баромади худ, дар Қасри арбоб чунин гуфта буд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам” ва “Ба халқи тоҷик сулҳ меоварам» ва ба савганди худ вафо карданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ, тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф намуд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазоӣ сулҳу оромӣ умр ба cap бурда истодаанд.

Дар Ватане, ки мо зиндагӣ ва умр ба cap мебарем ҳар зарра хокаш муқаддас ва ҳар ваҷаб заминаш маъбади имону ихлос ва музаффариятҳои ҳар яки мову Шумо мебошад. Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар cap андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарварад. Дар чорабинии идона ҳамзамон якчанд омўзгорон, шоирон ва ҷавонони фаъоли ноҳия баромад намуда, вобаста ба нақш ва хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муазаами миллат, дастовардҳои дар ин муддат ба даст омада ва вобаста ба Иҷлосияи таърихӣ сухан намуданд.Чорабинии идона, ба барномаи бошукӯҳу рангини фарҳангӣ, боқироати шеъру суруд дар васфи Пешвои муаззами миллат ҳусни анҷом бахшид.

2_121.jpg 3_129.jpg 17_22.jpg 21_24.jpg 24_16.jpg 27_10.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 3.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.