Имрӯз 16 декабри соли 2023, тибқи мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳо “Оид ба ташкил ва гузаронидани қабули шахсӣ аз тарафи масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, қабул таҳти роҳбарии роҳбарияти ноҳия бо иштироки Ихтиёрзода Санҷар сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеа, капитани адлия, Усмонзода Миҷгона Эмомалӣ, сарнозири шуъбаи коргузорӣ ва қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ мубориза бо коррупсияи Чумҳурии Тоҷикистон ва Давлатзода Собирҷон Ғафор – Сарнозири шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардида, дар қабули шаҳрвандон муовинони раиси ноҳия роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдори ноҳиявӣ даъват ва иштирок намуданд. Дар оғоз, роҳбарияти ноҳия ташрифи меҳмононро ба ноҳия хайрамақда гуфта, қайд намуданд, ки қабули шаҳрвандон тибқи муқаррарот ҳар ҳафта аз ҷониби роҳбарияти ноҳия доир гардида, арзу муроҷиатҳои сокинони сари вақт баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли онҳо аз тарафи масъулин ҷораҳои дахлдор андешида мешавад. Инчунин дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаву ташкилотҳо рӯзҳои қабули шаҳрвандон сари вақт доир гардида, арзу муроҷиати сокинон баррасӣ мегарданд. Сипас аз тарафи меҳмонон муроҷиати сокинони ноҳия шунида ба қайд гирифта шуда, барои ҳалли онҳо дар муҳлатҳои муққараргардида масъулин вазифадор гардиданд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён