“ПАЁМ-БАРНОМАИ МУКАММАЛ БАРОИ ҲАМАИ ҚИШРҲОИ ҶОМЕА” КӮШОНИЁН: ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МЕҲНАТОБОД ВА СУПОРИДАНИ ТУҲФАҲО БА СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ХОНАНДАГОН

        Санаи 29 декабри соли 2023, бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба самтҳои асоси сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда, вохурии роҳбарияти ноҳия дар МТМУ №3-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо фаъолони ҷамоат ва омӯзгорону хонандагон баргузор гардид. Сараввал раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, вобаста ба тамоми нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат суханронӣ намуда қайд намуданд, ки Паём барномаи мукаммал барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, амнияту субот, роҳу нақлиёт, рушди илму маориф, энергетика, сайёҳии дохилӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи иҷтимои аҳолӣ ва дигар самтҳоро фарогир мебошад. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати барномавӣ буда, дар он самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ, ичтимоӣ, фарҳангӣ, ва ҳуқуқии мамлакат ҷиддӣ таҳлил гардида, роҳҳои ба мақсад мувофиқи рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол барои оянда мушаххасан нишон дода шудаанд.

Дар қисмати дигарӣ вохӯрӣ ба собиқадорони муассисаи таълимӣ ва ғолибони озмуни “Хонандаи сол”-и МТМУ №3 аз рӯи номинатсия, хонандаи беҳтарин, расми беҳтарин, луғати беҳтарин, хаттӣ беҳтарин, рузномаи беҳтарин, туҳфаҳои пулӣ ва ба хонандагони аз оилаҳои эҳтиёҷманд либосҳои зимистона ва пойафзол, ки аз тарафи вакили ноҳия, соҳибкор Давлатов Дилшод хатмкардаи ҳамин муассиса омода гардидаанд, дар вазъити идона супорида шуданд. Ҳамзамон ба Давлатов Дилшод барои чунин иқдоми хайрхоҳона ва ибратомуз Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

3_130.jpg 5_89.jpg 15_34.jpg 16_25.jpg 17_23.jpg 34_5.jpg 31_7.jpg 38_4.jpg 40_2.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

 

Миёна: 3 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.