Санаи 19 январи соли 2024, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва роҳбарияти ноҳия бо рафти корҳои саҳроӣ, парвариши сабзавот барвақтӣ дар гармхонаҳои доимоамалкунанда, омодагии кишти баҳорӣ ба хусус кишт ва парвариши картошка аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои деҳоти Навбаҳор ва Меҳнатободи ноҳия дидан намуданд. Зимни шиносоӣ бо вазъи соҳа бо масъулин ва кишоварзон суҳбату мулоқотҳо доир гардида, зикр шуд, ки бо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Аз ин лиҳоз, ки кишоварзонро зарур аст, ки ҳар қитъа заминро самараноку оқилона истифода намуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва тибқи дурнамои муайянгардида кишт намудани зироатҳо малакаву маҳорати худро истифода намоянд. Ҳамчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаҳои дахлдор барои саривақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, вусъат бахшидани тозакунии заҳбуру заҳкашҳо, дар муҳлатҳои муқарраршуда додани озуқа барои зироатҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти деҳқонон дастуру супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки кишоварзон бояд бештар барои кишти маҳсулоти содиротшаванда, махсусан пахта таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои парвариши босифати он бо олимону мутахассисони соҳа ҳамкорӣ намоянд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён