Санаи 29 январи соли 2024, бо мақсади шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 28 декабри соли 2023 баргузор гардида буд ва дар асоси нақша-чорабиниҳои Маҷдиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳия, бо роҳбарии раиси ноҳия вохурии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии кишвар, Шодиён Муҳаммад Султон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Кӯшониён №27” ва Тағойзода Сумангул Саид вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия баргузор гардид.
Пеш аз оғози вохури раиси ноҳия ташрифи меҳмононро хайрамақдам гуфта, мақсад аз баргузории вохуриро иброз дошта, суханро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул доданд. Дар суханронии худ қайд намуданд, ки Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз суханронии Президенти кишвар маълум гардид, ки соҳаи илму маориф дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Шодиён Муҳаммад Султон дар суханронии худ иброз доштанд, ки сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълим, соҳибмаърифатгардонии саросарии аҳолӣ, рушди илм, махсусан, илмҳои табиӣ дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳоро роҳандозӣ намуданд. Вазъи иҷтимоии аҳолӣ-нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ низ зиёд гардида, ҳамаи ин дастгириҳо аз он далолат медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Сарвари давлат, сиёсати халқпарварона буда, ба мардуми оддӣ ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст. Мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳварона Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳлили Паёми имсола ҳамчун дастури созанда нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд. Вохурии вакилон дар ноҳия бо аҳли ҷамоатчигӣ идома дошта, тибқи нақшаи тасдиқгардида баргузор мегарданд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён