Дар партави Паём: МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ЗАМИНАИ УСТУВОРИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

       Андеша: Дар марҳилаи муосири рушди давлатдорӣ аз ҷумлаи санадҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва барномавӣ, ки он дар ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқии мамлакат, бахусус баланд гардонидани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии давлат, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушду нумўи қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, мудофиаи мамлакат, сиҳатии аҳолӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву хештаншиносии шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим мегузорад, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Маҳз ин ҳуҷҷати барномавӣ дар шароити кунунии раванди ҷаҳонишавӣ ва авзои зудтағйирёбандаи ҷомеаи муосир ҳамчун сарчашма ва заминаи асосии муайянсозандаи рушду нумуи соҳаҳои гуногунии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ва дар ин замина, ин санади барномавӣ ба таҳкими ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, меҳандўстӣ, ватандўстӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи мусоидро фароҳам меовардад. Бахусус дар Паёми навбатии Президенти мамлакат бо мақсади таъмин ва амалӣ гардидани волоияти қонун ҳамчун василаи муҳими татбиқи қонунгузории мамлакат баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон махсус таъкид шуд. Дар баробари таҳлилу натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои сиёсиву амниятӣ ва ҳуқуқиву қонунгузорӣ таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намуданд.

Таъкид ба амал оварда шуд, ки вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

Маҳмудов Фарҳод – сармуҳаррири рӯзномаи "Кӯшониён"-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.