ТЕРРОРИСТОН АШХОСИ БЕВАТАНИ ГУМРОҲШУДА

     Вокуниш: Як гурӯҳ душманони миллат, ки қобилияти бардошти шодиву сурур ва хурсандии миллатро надоранд, ҷашни фархунда ва фирӯзии миллатро мехостанд ба мотам табдил диҳанд. Анҷом ёфтани чунин амали террористӣ қабл аз таҷлили қашни Сарқонун аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе ташкилотҳои террористӣ, аз қабили ташкилоти террористии ДИИШ мухолифи тамоми намуди қашнҳое мебошанд, ки ғайри исломӣ ҳастанд. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, тақрибан соати 03:23 дақиқаи 6 ноябр гурӯҳи бистнафараи мусаллаҳи ниқобдор ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и «Ишқобод», қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳамлаи террористона анҷом доданд. Ин қисми марзбонӣ дар марзи Тоқикистону Ӯзбекистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир буда, дар натиқаи амалиёти террористии афроди мусаллаҳ як марзбони тоҷик ва як корманди Вазорати корҳои дохила ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса, тибқи иттилои Маркази матбуоти неруҳои марзбонии Тоқикистон 15 нафари ҳамлавар ба қатл расид ва боқимондаи онҳо боздошт гардиданд.

Дасти терроризм бо ҳар роҳу восита аз лонаи хеш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои касифу нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад. Ташкилотҳои террористие, ки мехостанд дар Тоҷикистон террор намуда, дар байни ҷомеа тарсу ҳарос эҷод намоянд, ҳадаф ва вазифаи мушаххаси онҳо низ ҷилавгирӣ ё монеи таҷлили ҷашни Сарқонун шудан буд ва бо ин роҳ мехостанд, ки таҷлили ҷашни миллиро ба мотам табдил диҳанд. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

        Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад.  Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Бобомуродов Манучеҳр – мудири шуъбаи молия, сармуҳосиби

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 4 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.