ФИТНААНГЕЗОН ОРОМИИ ҶОМЕАРО НАМЕХОҲАНД!

       Вокуниш: Дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърихи ислом рӯ оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, иғво, гурӯҳбозӣ, паймоншиканӣ, рехтани хуни ноҳақ ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад. Суханҳои таҳқиромез, ташкили гурӯҳи бадхоҳон, хорафканиву азиятрасонӣ, азобу шиканҷа нисбат ба мусулмонони камбағал ва бенуфуз, рехтани хуни мусулмонони аввалин – камтарин паёмадҳоест, ки дар натиҷаи тафриқаандозӣ ба вуқуъ пайвастанд. Дар замони муосир гурӯҳҳои ифротӣ ва муғриз баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи ҳалокат меафкананд. Зуҳуру фаъолияти ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҷабҳату-н-нусра», «Аш -шабоб», «Боко ҳаром», задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишварҳои мусулмоннишин, тарконидани масҷидҳо, қатли ваҳшиёнаи занону кӯдакон ва садҳо мисоли дигар аз ноогоҳӣ ва зудбоварии мардум - натиҷаи тафриқаандозӣ, иғвогарӣ, дунёталабии гурӯҳу равия ва ҳизбу ҳарактҳои гуногуни ба ном исломӣ, хусусан ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ, ки душмани мову шумо аст, гувоҳ буда метавонад. Таваҷҷуҳ кунед, ки ҳамаи ин ваҳшоният аз номи дини мубини ислом содир мегардад ва ба ақидаи баъзе мардуми гумроҳ ва фиребхӯрда онҳо дар роҳи ростанд. Имрӯз ифротгароёни динӣ фатвоҳое содир мекунанд, ки хилофи шариат мебошанд, аммо чунин фатвоҳо рехтани хуни мусулмонон, ғулом намудани мардуми озод, беникоҳ алоқа намудан бо занони покдоманро ҳалол эълон намуда, ба ин васила ба сафи худ авбошони манфиатҷӯеро ҷалб месозанд. Бар хилофи кишварҳои арабӣ вазъи давлатҳои Осиёи Марказӣ хеле хуб буда, мардум осоишта умр ба сар мебаранд. Ин омил аз сиёсати пешгирифтаи давлатҳои номбурда дарак медиҳад. Сарони давлатҳо, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъйу кӯшиши худро ба он равона намудаанд, ки мардум дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ зиндагӣ намуда, баҳри пешрафт ва ободонии кишвар талош доранд. Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёриро аз даст надода, ба ваъдаву даъватҳои ҳар ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ фирефта нашавем.Бо равияву ҳизббозӣ, тафриқаву ихтилоф ба натиҷае намерасем. Агар мо хоҳем, ки тақдири талхи мазлумони ҷабрдидаи Ироқу Яман ба сари мо наояд, бояд як роҳро интихоб кунем. Мо як Президент дорем, ки бо ҷоннисорӣ, саъйю кӯшиш ва талошҳои худ ба мардуми шарифи тоҷик сулҳ овард. Пас сиёсати Президент ин роҳи минбаъдаи мост.

Сатторова Моҳбону- мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 4 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.