Санаи 8 февралии соли 2024, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, №1729 ва тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, нишасти матбуотии раиси ноҳия, бо иштироки васеъи намояндагони ВАО вилоят ва ҷумҳурӣ, барои соли 2023 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ, инчунин муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Сараввал раиси ноҳия намояндагони ВАО ба ноҳияи Кӯшониён хайрамақдам гуфта, барои ҳамкории судманд ва пурмасъул, ҷиҳати рушду нумуи иқтисодиёту иҷтимоиётӣ ноҳия, инъикоси васеъи корҳои ободонию созандагӣ дар соли сипаригашта изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд намуданд, ки мақсад аз гузаронидани нишастӣ матбуотӣ ин таъмини ошкорбаёнӣ, шафоффият, оид ба рафти иҷрои қарору фармонҳо, беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати кор, огоҳ гардидан аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пурқувват намудани робитаҳои зичи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо васоити ахбори омма мебошад.Тибқи реҷаи баргузории нишаст, сараввал ҳисоботи кории раиси ноҳия барои соли 2023-ум шунида шуд. Зикр гардид, ки нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Кӯшониён бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,5 фоиз иҷро гардид, яъне ба ҷои 66 миллиону 200 ҳазору сомонии нақшаи пешбини шуда, ба буҷет 67 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст. Дар соли сипаригашта дар ҳудуди ноҳия 2836 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки 100,0 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ба 3 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 177 миллиону 600 ҳазору сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли сипаригашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ба 428 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 11 миллиону 700 ҳазор сомонӣ буда, суръати афзоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ бо нархҳои амалкунанда 2,9 фоизро ташкил менамояд. Фаъолияти кишоварзони ноҳия, дар асоси дурнамои тасдиқ намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, тибқи маълумотҳои мавҷуда дар ноҳия ба ҳолати 1 январи соли 2024 барои ҳосили соли 2023 дар майдони 3 ҳазору 607 гектар ғалладона, 1021 гектар артошка, 3 ҳазору 371 гектар гектар сабзавот аз он ҷумла 347 гектар пиёз, 254 гектар полезӣ, 10 ҳазору 974 гектар зироатҳои техникӣ, аз он ҷумла 10 ҳазору 820 гектар пахта ва 3186 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар сектори давлатӣ ва аҳолӣ саршумори чорвои калони шохдор 71 ҳазору 595 сар, саршумори моли майда 86 ҳазор сар, асп 1 ҳазору 92 сар, парранда 131 ҳазору 758 сар ва занбури асал 2 ҳазору 399 оила расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Бо мақсади солиму хушзот баровардани чорво аз мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуда, тибқи маълумотҳои мавҷуда то ин давра дар ноҳия 58 ҳазору 427 тонна хуроки дурушт ва 1 ҳазору 257 тонна хуроки ширадор захира гардид, ки ба ҳар як чорвои шартӣ 15,9 сентнерӣ рост меояд.
Дар асоси нақша-чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба таври умумӣ бунёди таъмиру тармими 252 адад биною иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Дар фарҷом намояндагони ВАО, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани нишасти матбуотӣ, миннатдории хешро ба раиси ноҳия баён намуданд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён