Муборизаи дастаҷамъона бо падидаҳои номатлуб

        Вокуниш: Сиёсати давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҳадди аксар ба пешгирӣ, кам кардан, рафъи оқибатҳои ин гуна ҷиноятҳо, инчунин ҳифзи шаҳрвандон нигаронида шудааст. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти воқеиятҳои мавҷуда як қатор барнома стратегияҳои муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм таҳия намуда, амалӣ гардонда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф дар раванди мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Махсусан қабул гардидани Стратегияи миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар солҳои (2016-2020) ва давраи минбаъда барои солҳои 2021-2025, ҳуҷҷати муҳимми танзимкунанда дар самти пешгирии хатару таҳдидҳо аз фаъолияти эктремистиву террористӣ мебошад. Ҳадафи қабули стратегияи мазкур ҳифзи асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз хатару таҳдидҳои ин падидаҳои барои инсоният ногувор мебошад.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин ҳамоиш ва вохӯриҳои минтақавӣ ва байналмилалиро доир менамояд. Махсусан солҳои охир конфронсҳои сатҳи баланд бо ҳамкории СММ ва шарикони байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ доир мегарданд. Чуноне дар таърихи 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе, Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» доир гардид. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши сатҳи баланд баромад намуда оид ба фаъолшавии хатарҳои ҷаҳони муосир изҳори нигаронӣ карда, хатари онҳоро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиддӣ арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки интиқол ва таҳрики гурӯҳҳои террористӣ як минтақаи ҷаҳон боиси таҳдид ба кишварҳо мегардад.

Президенти кишвар қайд намуданд, ки мубориза бар зидди экстремизму терроризм бояд дар сатҳи кишвар, минтақа ва ҷаҳон дастаҷамъона бошад: «Мо умед дорем, ки кишварҳои ҷаҳон дар ҳамбастагӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муқовимати муассир роҳандозӣ мекунанд ва дар роҳи пешгирӣ кардани таҳарруки террористҳо, интиқоли онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар, дарку фаҳмиши омилҳои таҳрикдиҳандаи терроризм, инчунин таҳияи мавқеи ягона нисбат ба мафҳумҳои ифротгароӣ ва терроризм комёб мегарданд»

Албатта мубориза бо ин падидаҳои номатлуб бояд дастаҷамъона бошад. Ин аст, ки вобаста ба ин таҳдиди ҷаҳони муосир дар корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо, нақша-чорабиниҳо ва дигар ҳамоишҳо баргузор карда мешаванд ва дар бораи моҳият, шаклҳои зуҳур, хусусиятҳо ва роҳҳои пешгирии он аз ҷониби коршиносони соҳа, пешниҳодҳо карда мешаванд.

 

Собиров Далер

Муовини раиси Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноњияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.