“Имрӯз гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб кардани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро ба ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 28 феврали соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати роҳбарияти ноҳия, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мирзозода Нусратулло, прокурори вилояти Хатлон Назарзода Авазҷон ва бо иштироки шуъбаи Раёсатҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳал ва имомхатибони масчидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Нахуст, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин ташрифи меҳмони гиромиро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, мавзӯъи ҷаласаи кориро пешкаш намуданд, ин ҳам бошад оид ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистон вобаста ба ҳолати шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ, экстремистӣ ва дигар масъалаҳои доир ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва амалишавии Барнома ва Стратегияҳои қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Дар баромади хеш Мирзозода Нусратулло вобаста ба рафти амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таъмини амнияти миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Қайд гардид, ки амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеъа мебошад, ки он ҳифзи шахсият ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна таҷовузҳои зидди ҳуқуқӣ таъмин менамояд. Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат муқаддасу мӯътабар бошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ба шумор меравад.Таърихи гузаштаи миллати мо онро нишон медиҳад, ки дар он шахсиятҳои бузурги дорои азму иродаи тавоно ва ғурури миллӣ кору фаъолият намудаанд, ки барои ҳимояи Ватани хеш ҷонфидоиҳои қаҳрамонона кардаанд. Талошу набардҳои мардонаи Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, С.Айнӣ, Ш. Шоҳтемур, Н. Махсум, Б. Ғафуров ва дигарон баҳри дифои манфиати миллати худ равона карда шуда буданд. Чунин талошҳои Ватандӯстона баҳри пойдории амнияти миллӣ мусоидат намуда, самараҳои хурсандибахш хоҳад дод.
Бояд зикр кард ки имрӯз қувваҳое ҳастанд, ки барои ноором кардани вазъият ва халалдор кардани амнияти миллии ин ё он давлатҳои ҷаҳони муосир ҳавасманд мебошанд. Бинобар ин онҳо ҳар гуна равияҳоро аз он ҷумла равияҳои миллиро дастгирӣ намуда, вазъиятро дар ин ё он минтақа халалдор намуда барои амнияти давлатҳо хатарҳоро ташкил менамоянд. Масъалаи асосии амнияти миллӣ ин ташаккул ва таҳкими доимии шуури худшиносии миллӣ ва пойдевори он аз шуури муқаррарӣ замина мегирад. Муҳаққиқон дуруст зикр намудаанд, ки системаи таъмини амнияти иттилоотӣ дар тавозун бо тахрибкорӣ нисбати шуури миллӣ, на танҳо баробар, балки зарур аст чанд зина болотар биистад. Ҳадафи ҳуҷуми иттилоотии душман маҳз ба шуури муқаррарӣ ва психологияи ҷамъиятии давлатҳои миллӣ равона карда шудааст. Тамоми нафароне, ки таҳти таъсири назарияи террористӣ мегарданд, ба ин ташкилот ворид мешаванд, зери таъсири «худшиносӣ»-и дигаре боқӣ мондаанд. Ин силсила ҳадди аввалу охир дорад. Оила, авлод, кӯча, маҳал, деҳа, умуман тамоми сохторҳои ҷомеаро, ки барои солимгардонии тақдири хеш манфиатдор ҳастанд, зарур аст аз пайи ҳамин «худшинохта»-е бошанд. Онро муайян созанд. Ислоҳ намоянд. Вагарна, ин вабо метавонад ҷомеаро пурра сироят кунад.
Дар сухаронии худ прокурори вилояти Хатлон Назарзода Авазҷон сараввал вобаста нуқтаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас гардида, сипас вобаста ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта дар самти истифодаи замин, волоияти қонун, пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳо вобаста ба таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, пешгирии худкушиву худсузӣ, пешгирии ҷинояткори аз тарафи ноболиғону ҷавонон, пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон ва даъвати шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти ҷаласаи корӣ, вобаста масъалаҳои баррасишуда якчанд фаъолони ноҳия суханронӣ намуданд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён