КӮШОНИЁН: ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ, ДАР ВОХУРИ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ГУЛИСТОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МЕҲНАТОБОД

"ПАЁМ-РОҲНАМОИ МО"

Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ", дар МТМУ рақами 2-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохурии гуруҳи корӣ бо сокинони деҳаи Гулистон баргузор гардид. Гурӯҳи кориро Дилафруз Шукруллозода муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ роҳбари намуда, инчунин Азимзода Сайёра мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, намояндаи шуъбаи маориф иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки баҳри таҳкими қонуният ва волоияти қонун ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ба натиҷаҳои назаррасӣ меҳнатӣ ноил гардидан, аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода намуда, ҷиҳати баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба хусус ҷавонон чораҳои заруриро амалӣ намоем. Дар вохури ҳамзамон, масъалаҳо вобаста ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, давомоти хонандагон ба мактаб, азхудкунии фанҳои дақиқ, иштироки фаъолона дар озмунҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

70_0.jpg 

«Кӯшониён»

 

 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.