Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" мулоқоту вохӯриҳо оғоз гардиданд. Санаи 1 марти соли ҷорӣ дар Ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ вохури бо сокинон доир гардид.
Дар вохури Сайдбеки Сафарбек муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ, Ҳакимзода Миҷгона раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, Каримов Ширинбек раиси Ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ, намояндаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия, Мақсудинов Комил сардори Агентии шуғли аҳолӣ ва меҳнат дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии ноҳия зимни сӯҳбат қайд намуданд, ки чи хеле ки ҳамагон огаҳ ҳастем, санаи 28-уми декабри соли 2023 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тамоми самтҳои асосии ҳаёти ҷамъиятӣ рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷумҳуриро мавриди таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дода бо истифода аз таҷрибаи пурсамари корӣ дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои соли 2024 ва солҳои минбаъда муайян намуданд.
Ҳамзамон, пешниҳод намуданд, ки баҳри таҳкими қонуният ва волоияти қонун ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Сарвари давлат таъкид сохтанд, ки алҳол дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодааст ва таъмини волоияти қонун ҳамчун масъалаи муҳим дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон дар вохури масъалаҳо вобаста ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ингуна вохӯриву мулоқотҳо дар дигар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия низ идома дорад.
«Кӯшониён»