ТАБРИКОТИ раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, бахшида ба ҷашни “Наврузӣ байналмиллалӣ”

Ҳамватанони азиз!

Инак, ба диёри соҳибистиқлоли мо боз иди баҳору зебоӣ, соли нави аҷдодиамон, Наврӯзи оламафрӯз қадам ниҳодаю бо худ савту садо ва сарсабзию хуррамӣ овардааст. Ба ин муносибати фараҳбахш, ки нусрату иқболи тамоми мардуми тоҷик мебошад, ҳамаи шуморо табрику муборакбод намуда, бароятон сулҳу осоиш, бахту саодат, хонаи обод ва рӯзгори пурфайзу осударо таманно дорам.

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Наврӯз муждаи баҳор буда, қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро он эҳёи табиат, фарорасии киштукори деҳқон мебошад. ин ҷашн аз ибтидо хислати кишоварзӣ дошт ва он бо шукуфоии табиат дар тасаввур яксон буда, ба замин нерӯи ҳаётбахшӣ медиҳад. Наврӯз ҷашнест, ки ба оламу ҳастӣ, бо табиат ва обу хоки он иртиботи ногусастанӣ дошта, суннатҳои деҳқонии моро муаррифӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомадӣ Раҳмон роҷеъ ба моҳият ва манзалати кишоварзӣ доштани Наврӯз фармудаанд: “Дар фалсафаи Наврӯз амали созандаву офаранда чун нахустунсури фаъолияти инсон шинохта мешавад, ки ҳунари кишоварзӣ баёнгари возеҳтарини он мебошад”. Хусусияти барҷастаи Наврӯз он аст, ки ба деҳқон кор фароҳам меорад. Дар ин айём деҳқон ба серию фаровонӣ ба замин донаи умед мепошаду ниҳоят месабзонад, ки диёр сарсабз шаваду ҳосили зиёд зам гардад. Наврӯз барҳақ рӯйдоди осмонист ва тасхиргари қалбҳои инсонист.

Наврӯз тарғибгари арзишҳои таҳаммулгароӣ эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногуншаклии фарҳангӣ ва сулҳу созиш мебошад. маҳз ба ҳамин хотир, ин ҷашни бостониро хурду бузурги мурдум сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва шодиву нишот ва дастаҷамъона таҷлил мекунанд. Эҳёи Наврӯз ва ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузи обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Зеро мо – тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун буда, ба арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва зебоипарастиву созандагӣ ҳамчун асоси маънавиёти миллиамон ҳамеша арҷ мегузорем. Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирношон намоям, ки мардуми заҳматпешаву созандаи мо дар баробари эҳё намудани суннатҳои наврӯзӣ дар давраи омодагӣ ба ин ҷашн ба тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳали зисти худ, боз ҳам ободу зебо гардондани гулгашту хиёбонҳо ва бунёди боғҳои нав таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Воқеан, бо фарорасии баҳор ва омадани Наврӯз на танҳо табиат зинда мешавад, балки дар қалби инсонҳо низ меҳри заҳмату талош ба хотири ободиву беҳтар намудани шароити зиндагӣ даҳчанд мегардад. Қадамҳои зиндагибахши Наврӯз баъди фасли сармо ҳамчун рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва рӯшноӣ бар торикӣ инсонҳоро болида ва қалби онҳоро саршор аз фараҳу шодӣ ва умеду орзу мегардонад. Яке аз рамзҳои Наврӯз оростани хони идона ва ба намоиш гузоштани навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, бар бар намудани либосҳои миллии идона ва пешкаш кардани дастранҷи ҳунармандони чирадаст ба ҳисоб меравад, ки инъикосгари фарҳанги ғании рӯзгордорӣ, либоспӯшӣ ва ҳунармандии тоҷикон мебошанд. Бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми мардуми ноҳия самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо тандурустӣ, саодати рӯзгор, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Наврӯз муборак ҳамдиёрони азиз!

Миёна: 3 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.