Вокуниш: ба андешаҳои таҳқиромези аккаунтҳои афғонӣ “МУЛЛОИ САГДАҲАН”

      Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навоири видеоӣ аз ҷониби як нафар шаҳрванди афғон «муллои сагдаҳан» давр мезанад ва номбурда ба худаш ҳақ додааст, ки нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатдории Ҳукумати кишвари азизи мо ва мардуми тоҷик ҳар гуна андешаҳои таҳқиромезро баён ва паҳн кунад. Мо нисбати ин масъала хомӯш ва бетараф наистода, андешаҳои ӯро маҳкум мекунем ва иброз медорем, ки ягон нафар ҳақ надорад, ба даввлати мо дахолат кунад, суботу оромии кишвари моро халалдор созад, ҳарфи ноҷо ё санги танқиду маломатро ба сӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол зада, бо ҳар васила, бахусус ба воситаи фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои интернетӣ мудохила намоянд.

     Худ қазоват кунед, давлати исломие, ки дар Афғонистон сохта шудааст, магар исломист? Куҷо ислом аст? Дар он ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон поймол гардида, азият ва зулму ситам ба сари мардуми оддӣ равона шуда, нооромиҳои сиёсӣ, наслкушии одамон, ҷиноятҳои муқобили башарият ва хусусияти ифродгаройӣ – террористидошта дар баъзе вулусволиҳои он ба мушоҳида мерасид, вале аз пеши пойи худ афғони иғвоангез инро нодида гирифта, дар пайи паҳн намудани ғояҳои иғвоангезу тундравонаи худ ва мудохила ба давлати тинҷу амони Тоҷикистони азизи мо мебошад. Мисле, ки созмонҳои экстремистию террористӣ мехоҳанд, мақсаду ғаразро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои динию мазҳаббӣ дар ҷомеа, ба сафи худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта равона карда, қасди халалдор намудани сохти ҷамъитию сиёсии ин ё он кишварро доран ва бояд ҷавонони мо аз ин нияти ғаразноки ифротии онҳо огаҳӣ дошта бошанд.

Мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, бахшҳои идеологӣ, зиёиёну имомхатибон ва раисони шӯроҳои маҳалҳоро зарур аст, ки фикру андешаи худро, ки муҳиму саривақтист, перомуни ин масъала ва доир ба андешаи бемантиқи як афғони лаъин «муллои сагдаҳан» иброз дошта. дар ҷойҳо зимни баргузории вохӯриву сӯҳбатҳо ва дилхоҳ маъракаҳо баҳри тарбияи насли наврас, ватанпарастии ҷавонону толибилмон ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернетӣ, инчунин муқобили ифротгаройӣ ва ҳурофоту бегонапарастӣ, пешгирии ҷалби шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаройӣ, пешгирӣ намудани ҷиноятҳои экстремистӣ – террористӣ, бахусус маблағгузории терроризм, ки аз рўи ҷиноятҳои ошкоргардида вақтҳои охир зиёд ба назар мерасад, корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ амалӣ ва роҳандозӣ намоем. Ҷиҳати баланд бардоштан сатҳи дониши ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбати Конститутсия ва қонунҳои амаликунанда, тарғиби арзишҳои миллӣ ва ғайра, ба наврасону таълимгирандагони муссисаҳои таълимӣ низ ташкили мизҳои мудаввар дар назар дошта шудааст. Дар ин асно, инчунин мехостам суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шавам, ки:

«Ҷавонони далеру ғайюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки Ислом анҷом дода мешавад, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд».

Бобозода С.Х,прокурори ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.