ВОХУРИИ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ ВА САРДОРИ КДАМ ДАР НОҲИЯ БО ХОДИМОНИ ДИН, ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶАМОАТЧИГӢ

“ТЕРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА АВҶ ГИРИФТА, БО ОҚИБАТҲОИ ДАҲШАТБОРУ БЕРАҲМОНИИ ХУД БА ПРОБЛЕМАИ ҶИДДИТАРИН ИНСОНИЯТ ДАР АСРИ 21 ТАБДИЛ ЁФТААСТ”

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 8 июни соли 2024, бо мақсади шарҳу тавзеҳи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа, фаъолон ва ходимони дини мамлакат, ки санаи 9 марти соли равон баргузор гардида буд, вохурии роҳбарияти ноҳия ва сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳия бо ходимони дин, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия доир гардид. Дар вохурӣ, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва омилҳои номатлуби ҷомеа аз ифротгаройи фаромиллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таълимоти ғайрирасмии динӣ, нодуруст истифодабарии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки воқеан ҳам хурофот дар зеҳни мардуме шакл мегирад, ки дар бораи ин ё он мавзуъ дониши кофӣ надоранд ва маҳз дар байни гурӯҳҳое густариш пайдо менамояд, ки сатҳи донишу маърифаташон паст мебошад. Мубориза ба муқобили хурофоту ифротгароӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарину афзалиятноки мақомоти амнияти миллӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла аҳли маориф, сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин зиёиён, падару модарон, фаъолон, ходимони дин ва тамоми ҷомеа мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки ходимони дин дар самти решакан намудани хурофоту ифрот бояд нақши муассир дошта бошанд. Зеро пӯшида нест, ки аксари боварҳои хурофотии мардум ҳамчун унсурҳои динӣ таблиғ мешаванд ва бархе хурофотзада буданашонро ҳамчун «диндорӣ» нишон додан мехоҳанд. Дар ҳоле ки аз нуқтаи назари таълимоти динӣ хурофот чизе аст, ки аз доираи дин берун аст. Тавре коршиносон иброз медоранд, хурофот терроризму экстремизм нест, аммо зинаҳои нахусти майл ба зиёдаравию гумроҳӣ аст. Имрӯзҳо ин гуна афрод рӯ ба сомонаҳои иҷтимоӣ овардаву дар баробари гумроҳии худ боз талош доранд зеҳни дигаронро низ олудаи ақидаҳои хурофотӣ намоянд. Ҳамзамон масъалаи танзими фазои иттилоотӣ имрӯз ба яке аз мавзуъҳои ҳассоси ҷомеа мубаддал гашта, ба шаклгирии афкори умум таъсиргузор шудааст. Бинобар ин, бохабарӣ аз вазъияти иттилоотии мамлакат амали зарурӣ дониста мешавад. Нодида гирифтани ин раванд, зоҳир намудани бетаваҷҷуҳӣ ба роҳу усулҳои шаклгирии он метавонад дар оянда ба суботу амнияти ҷомеа ва устувории вазъияти сиёсии мамлакат таъсири манфӣ дошта бошад.

6_71.jpg 5_91.jpg 

«Кӯшониён»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.