КӮШОНИЁН: МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯ

_____________СОЛИ 2024«СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИ”

«Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 12 июни соли 2024, дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2024, ҷиҳати иҷрои банди 2 нақша-чорабиниҳои бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқи” эълон гардидани соли 2024, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, № АП-533 тасдиқ шудааст ва ба ифтихори 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вохурии гуруҳи корӣ бо роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар бо ҳамроҳии Зариф Ализода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Сафарзода Анвар сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи ҳуқуқӣ ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршоҳ Шарипов бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид. Нахуст, роҳбарияти ноҳия ташрифи меҳмонони гиромиро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, вобаста ба корҳои самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон т ин дам маълумот доданд. Сипас, сухан ба Ашуриён Музаффар дода шуда, дар суханронӣ қайд гардид, ки бо мақсади иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқи тамоми сохторҳо давлатӣ муввазаф гардидаанд, ки вохуриву суҳбатҳоро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монанд ва бо ин мақсад ин мулоқот доир гардида истодааст. Қайд гардид, ки дар соли ҷашни 30-солагии Конститутсия эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқи тобишу рамзи ба худ хос дорад. Алоқамандӣ дар он зоҳир мегардад, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аз донистан ва риояи меъёрҳои Конститутсия, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф кардааст, оғоз мешавад. Яъне, шинохти меъёрҳои Конститутсия ин қудрат ва тавонмандӣ ҳосил кардани ҳар як шаҳрванд аст. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, қонунсолорӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба давлат ва арзишҳои миллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ аз ҳадафҳои меҳварии эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқи ба шумор мераванд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон на танҳо вазифаи давлат, балки тамоми аъзои ҷомеа мебошад.Дар сурати содиқона амал кардан дар ин самт, таъмини волияти қонунҳо ва фатҳи уфуқҳои нави рушд таъмин мегардад. Меҳмонон ҳамзамон, вобаста ба иҷрои талаботҳои Қонунҳои миллӣ дар таҳрири нав, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” Барномаву Стратегияҳои давлатӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, сари вақт таъмин намудани кӯдакон бо шаҳодатномаҳои таваллуд, волоияти қонун, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, иштироки фаъолона дар Озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ободонию созандагӣ суханронӣ намуданд.

10_39.jpg 5_92.jpg 9_50.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.