ХУРОФОТ ХАТАРЕСТ БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ!

“Хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

       Ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва терроризму экстремизм имрӯз ба як мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус таъкид намудаанд, ки «Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорон, ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд» ва илова намуданд, ки «ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад.

Яке аз ҳадафҳои асосии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” ба низоми муайяну меъёрнок ва идорашаванда даровардани анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва динӣ, инчунин бартараф кардани хурофоти сершуморе мебошад, ки онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба таркиби фарҳанги динӣ ва миллии мардуми тоҷик ворид шудаанд. Дар моддаи якум омадааст, ки ин санади муҳим “бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст”. Зиёну хатарҳои таассубу хурофотпарастӣ яке аз масъалаҳои меҳварие буд, ки дар мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мавриди таваҷҷуҳи амиқ қарор гирифт. Дар робита ба ин масъала, Сарвари давлат бо таассуф изҳор доштанд: “Бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст”.Хурофоту бегонапарастӣ хатари ҷиддию ҷубронопазир ба имрӯзу ояндаи кишварҳои ҷаҳон дорад. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат барои миллатҳо танҳо ва танҳо бадбахтиву дарбадарӣ меорад. Хурофот асосан аз нодонӣ ва ҷоҳилии одамоне сар мезанад, ки онҳо ба сухани ҳар гуна авомфиребон, монанди ҷодугарон, фолбинон тилисм¬шика¬нон, ки гўё онҳо илми ѓайбро медонанд, бовар мекунанд. Инчунин, хурофот аз шавқу ҳаваси зиёд, хаёлпарастӣ ва боварӣ ба чизҳое, ки дарки онҳо аз доираи қудрати шуури инсон берун мебошад, низ пайдо мешавад.Ҳар нафари ватандӯст, шаҳрванди асил, хосса, ҷавононро зарур аст, ки дар заминаи худогоҳии миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ андешаҳои таҳмилиро сари вақт дарк намуда, аз интишори он ҷилавгирӣ намояд ва нагузорад, ки ин беморӣ аз нав ба шаҳрвандон сироят кунад. Мақсади муқовимат ба идеологияи харобиовару зиддиинсонии экстремизму терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Ин ҳадафҳо тариқи амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ роҳандозӣ гардонида мешванд. Тамоми музаффариятҳои давлату миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, амнияту оромӣ ва тадбирҳои амалии давлату Ҳукумати мамлакат ба даст омадаанд. Афзоиш хурофот, ифротгароиву терроризм хатари ҷиддӣ ба ин дастовардҳо доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон аз надоштани саводи кофии диниву дунявӣ ба ин зуҳуроти номатлуб майл менамоянд. Аз ин лиҳоз тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва қадр намудани арзишҳои волои Истиқлоли давлатӣ аз муҳимтарин омили пешгирии шомилшавии ҷавонон ва ҳифзи ҷомеа аз хатари ин вабои аср дониста мешавад. Ҷавонони соҳибилм, тарбиядида, бомаърифат ва қавиирода ҳеҷ гоҳ ба ин амалҳои зишт ва ноҷо даст намезананд. Насли ҷавонро мебояд бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии мамлакат баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни бостонӣ пайваста дар пайи омўзиш бошанд, аз илму ҳунарҳои муосир баҳравар гашта, худ ва ҷомеаро аз хатарҳои экстремизму терроризм муҳофизат намоянд ва баҳри оромиву ободии Ватани муқаддасамон - Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоранд.

Насриддинзода Зафар, ёрдамчии прокурори ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.