Ваҳдати мо хори чашми душман аст,
Сарпаноҳи миллат асту, меҳан аст.
Ваҳдати мо, бозу банди муҳкам аст,
Ҷавшани рӯҳ ҷавшани ҷону тан аст.
Ҳамдиёрони азиз!
Имсол аз имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бисту ҳафт сол сипарӣ шуд. Расидан ба ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, аз муттаҳидӣ ва боло гирифтани ақлу хиради солим гувоҳӣ медод. Яъне, сарҷамъӣ ва афкори сулҳхоҳонаи халқ буд, ки тоҷикон ба хотири пойдор мондани миллат ба муноқишаҳои дохилӣ хотима бахшида, кинаву қудратро аз дилҳо дур карданд.
Миллат бо гузоштани пойдевори сулҳ ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд. Бинобар ин бо шукргузорӣ аз суботу оромие, ки дар кишвари азизамон ҳукмфармост тамоми мардуми шарифи ноҳия ва дар симои Шумо куллӣ ҳамдиёрони азизро ба ифтихори рӯзи «Ваҳдати миллӣ» самимона табрик намуда ба хонадони ҳар яки Шумо оромию осудагӣ хоҳонам ва орзуи онро дорам, ки Ваҳдати миллӣ дар диёри соҳибистиқлоли мо ҷовидона пойдор бошад. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузорӣ пояҳои ваҳдатгироӣ буда, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмиллалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба қавли Президенти кишвар “Бо фаро расидани давраи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид”.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 27 - умин солгарди рӯзи ваҳдати миллӣ фаро гирифта аст.Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистию осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо то рафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагии пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад. Оре, иттиҳоди миллӣ бузург ва муқаддасе мебошад, ки пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдатии миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон таъкид намудаанд, ки «Сулҳи Тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад». Дар даврони соҳибистиқлолӣ, баъд аз ба даст омадани «Ваҳдати миллӣ», зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ноҳия ба корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат бахшида, иҷрои дурнамоҳои истеҳсолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин гардида, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуда истодааст. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ сохтмони 252 - адад бинову иншоотҳои хизматрасониву маишӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 117 - ададаш мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст, ки он дар баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми арзандаи худро мегузорад. Дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳар вақта бо дасту дили поку нияти нек ва рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат фаъолият намоем ва заҳмат кашем.
Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек мо ҳама имкониятҳо ва иқтидорҳои заруриро дорем ва қувваи асосии татбиқкунандаи ин ҳадафҳо нерӯи созанда ва офарандаи халқи меҳнаткашу ободкори мо мебошад. Аз ин лиҳоз, ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз фаҳмонидани моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон, сокинони заҳматдӯсту соҳибмаърифати ноҳия ва ҳамдиёрони азизро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, орзу менамоям, ки дар сарзамини куҳанбунёди мо сулҳу ваҳдат, суботу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ то абад поянда бошад. Бигзор, дар Тоҷикистони азизи мо тарануми сулҳу ваҳдат, оромиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷовидона бошад!
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!